Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Боинг"-и "Тоҷик Эйр"-ро дар Душанбе ба ҳабс гирифтаанд


Як ҳавопаймои ширкати давлатии "Тоҷик Эйр"-ро дар Душанбе ҳабс кардаанд. "Боинг 757-200" бояд рӯзи 15-уми январи имсол ба Деҳлӣ, пойтахти Ҳиндустон парвоз мекард, вале натавонист.

Парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Тоҷик Эйр" ба шаҳрҳои Русия аз рӯзи 2-юми январи имсол қатъ ва аксари кормандон ба рухсатии бемузд фиристода шудаанд.

"Хостем, ки ба ширкат даромад орем, нагузоштанд"

Як манбаъ дар ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" рӯзи 17-уми январ бо шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳавопаймо ба хотири қарздорӣ аз ширкати таъминкунандаи сӯзишворӣ ба ҳабс гирифта шудааст. "Омода будем, ки ба Деҳлӣ парвоз карда, аз ҳисоби он каме ба ширкат даромад орем, вале ҳавопайморо ҳабс карданд", -

афзуд ӯ.

"Ширкати таъмини сӯзишворӣ" дар Тоҷикистон ягона идораи воридкунандаи маводи сӯхт барои ҳавопаймоҳост. Масъулони ширкат дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ карданд, ки "Тоҷик Эйр" аз онҳо ба маблағи калон қарздор аст, аммо ба ҳабс гирифтани ҳавопайморо рад ё таъйид нанамуданд.

Ҳавопаймои дигар дар Русия дармондааст

Ҳавопаймои "Боинг"-и "Тоҷик Эйр" дар ҳоле дар Душанбе ба ҳабс гирифта шудааст, ки як ҳавопаймои дигари ширкат дар шаҳри Маскав "дармондааст". Масъулони ширкат мегӯянд, ин ҳавопаймо дар таъмир аст.

Ширкати давлатии "Тоҷик Эйр" чаҳор ҳавопаймои тамғаи "Боинг" дорад, ки ба гуфтаи ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ танҳо як адади он – "Боинг 737-700" – пурра моли ширкат аст. Боқимонда тариқи лизинг (иҷораи техникаву таҷҳизот бо шарти қисм-қисм пардохтани пул ва фоизҳо) ба ширкат ҷалб шудаанд.

“Гаравгонгирии” ҳавопаймоҳои "Тоҷик Эйр" ҳодисаи нав нест. Тақрибан шаш моҳ қабл низ айни чунин ҳолат бо як “Боинг”-и ширкати давлатии Тоҷикистон дар Бишкек рух дода буд ва танҳо пас аз пардохти қарз ҳавопаймо озод карда шуд.

Парвози ҳавопаймоҳои ширкати "Тоҷик Эйр" ба шаҳрҳои Русия аз рӯзи 2-юми январи имсол қатъ шуда, аксари кормандон ба рухсатии бемузд рафтаанд. Айни замон вазъи молиявии ширкатро як комиссияи ҳукуматӣ ба раҳбарии нахуствазир Қоҳир Расулзода баррасӣ дорад. Интизор меравад, то як моҳи дигар сарнавишти ширкат маълум шавад.

Интиқод аз кори "Тоҷик Эйр"

Охири соли 2018 дар як ҷаласаи ҳукумат президенти Тоҷикистон аз кори "Тоҷик Эйр" интиқод кард ва амр дод, ки фаъолияти ширкатро бисанҷанд. Ба қавли мусоҳибони Радиои Озодӣ, ки нахостанд номашон ифшо шавад, Эмомалӣ Раҳмон иддао дар бораи "гаронтар аз қимати аслиаш сабт шудани ҳавопаймо дар санадҳо"-ро дар миён гузоштааст.

Эродҳои дигари раиси ҷумҳур ҳамчунин пардохт нашудани музди кори семоҳаи кормандони ширкат ва саривақт напардохтани ҳаққи истифодаи фурудгоҳ ва пули ширкати таъминоти сӯзишворӣ будааст.

Бинои ширкати давлатии "Тоҷик Эйр"
Бинои ширкати давлатии "Тоҷик Эйр"

"Тоҷик Эйр" шояд ягона ширкати давлатӣ аст, ки ҳар ду сол раисаш иваз мешавад. Дар 10 соли гузашта, дар ин ширкат 5 раҳбари нав таъйин кардаанд, вале вазъи он зиёд тағйир наёфтааст ва шикоят аз хадамоти он кам намешавад.

Дар Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоӣ – "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" – дар маҷмӯъ 10 ҳавопаймои мусофирбар доранд. Ҳамзамон, ба Тоҷикистон ҳудуди 15 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ парвоз анҷом медиҳанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG