Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷик Эйр" кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристод.ВИДЕО


Бинои ширкати "Тоҷик Эйр"

Ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ба дунболи қатъи парвозҳояш бештари кормандони худро ба рухсатии бемузд фиристод. Масъулони "Тоҷик Эйр" гуфтанд, ки бо сабаби қатъи парвозҳо, нигоҳ доштани кормандон бар зарари ширкат аст.

Ду интихоб:
1) Муфлис ё банкрот эълон кардани "Тоҷик Эйр"
2) Дубора ҳамроҳ кардани он ба Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе.

Аммо кормандон аз он норозиянд, ки чанд моҳ боз маош нагирифтаанд. Онҳо талаб доранд, аввал ҳаққи кори моҳҳои гузашта пардохт шавад ва сипас ба рухсатии бемузд мераванд. Ширкати давлатии "Тоҷик Эйр", яке аз ду ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, рӯзи 4-уми январи имсол парвози ҳавопаймоҳояшро ба шаҳрҳои Русия ва кишварҳои дигар қатъ кард.

"Маълум нест, кормандон кай бармегарданд"

Азиз Хайруллоев, сухангӯи ширкати "Тоҷик Эйр" рӯзи 9-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки аксар кормандони ширкат бо шумули ҳавонавардон ва роҳбаладон, ба рухсатии бемузд фиристода шудаанд.

Азиз Хайруллоев
Азиз Хайруллоев

​Ба гуфти Хайруллоев, бо қатъи парвоз дар ҳамаи хатсайрҳо, зарурат пеш омад, то бахше аз кормандон муваққатан ба рухсатии бемузд раванд. "Умед дорем, ки ба зудӣ парвозҳо дубора шурӯъ мешаванд ва кормандони ширкат дигарбора ба кор бармегарданд", - афзуд Азиз Хайруллоев.

Феълан парвозҳои "Тоҷик Эйр" дар ҳамаи хатсайрҳо боздошта шудааст. Парвози ҳавопаймоҳои ширкат ба шаҳрҳои Русияро ба ширкати "Сомон Эйр" доданд. Ширкати "Тоҷик Эйр" ба 13 шаҳр, аз ҷумла Маскаву Санкт-Петербург, Екатеринбург, Новосибирск, Сургути Русия ва шаҳрҳои Бишкек, Алмаато, Самарқанд ва ғайра парвоз анҷом медод.

"Аввал маошамонро диҳед, баъд меравем"

Аммо на ҳамаи кормандони ширкат аз рухсатии бемузд розӣ ҳастанд. Онҳо мегӯянд, рӯзи 9-уми январ ба ҷойи кор даъват шуданд ва аз онҳо тақозо шуд, ки барои рухсатии бемузд ариза нависанд.

"Тоҷик Эйр" кормандонашро ба рухсатии бемузд фиристод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:13 0:00

Матлуба, як корманди ширкати "Тоҷик Эйр" гуфт, онҳо ба ин талаби роҳбарон имзо нагузоштанд ва тақозо карданд, ки аввал маоши чандмоҳаашон пардохт карда шавад. Ба қавли ҳамсӯҳбати мо, аз моҳи сентябр ба ин тараф онҳо маоши худро дарёфт накардаанд ва зиндагиашон вазнин аст.

Дар 10 соли гузашта, дар "Тоҷик Эйр" 5 раҳбари нав таъйин кардаанд, вале вазъи он зиёд тағйир наёфтааст ва шикоят аз хадамоти он кам намешавад.

"Мегӯянд, ки имзо монда равед, аммо мо не гуфтем. Гуфтем, ки аввал маоши семоҳаи моро диҳед. Мо шабҳои дароз кор мекардем, зиндагиамон танҳо ба маош мегузарад. Мепурсем, ки маоши моро диҳед, мегӯянд, ширкат пул надорад", - афзуд Матлуба.

Теъдоди кормандони ширкат эълон нашудааст, аммо бино ба иттилои манобеи муътамад аз рӯзи чаҳоршанбе наздики 90 дар сади кормандони ширкати "Тоҷик Эйр" ба рухсатии бемузд фиристода шуданд.

"На пуламонро медиҳанд, на билетро"

Танҳо кормандони "Тоҷик Эйр" нестанд, ки аз кори ширкат норозӣ шудаанд. Мусофироне, ки қаблан аз ин ширкат билет харида буданд, мегӯянд, сарсониашон поён надорад ва касе маблағашонро бознамегардонад.

Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"
Ҳавопаймои "Боинг"-и ширкати "Тоҷик Эйр"

Сӯҳроб Каримов, сокини ноҳияи Варзоб бо 1900 сомонӣ аз ширкати "Тоҷик Эйр" ба самти Санкт-Петербург билет харида буд. Ӯ гуфт, бояд рӯзи 19-уми январ сафар мекард, аммо ҳоло на маблағашро бозпас гирифта метавонад ва маълум нест, ки ӯ чигуна ба Русия парвоз мекунад.

"Қарз гирифта, билет харидем. Чанд рӯз аст, ки бо мошин аз Варзоб ба Душанбе рафта меоям, 200 сомонӣ маблағ сарф кардам. Мегӯем, пуламонро диҳед, мегӯянд, пул нест. Ақаллан билети дигар намедиҳанд, то мо ба Русия равем",-афзуд Сӯҳроб Каримов.

Дар ар ростои будан ё муфлисӣ

Тақдири ширкати "Тоҷик Эйр" ҳоло дар дасти як комиссияи ҳукуматӣ аст, ки вазъи молии онро баррасӣ мекунад. Роҳбарии комиссияро нахуствазир Қоҳир Расулзода бар ӯҳда дорад ва қарор аст ин гурӯҳ то як моҳи дигар сарнавишти ширкатро ҳал кунад.

Тақдири ояндаи "Тоҷик Эйр"-ро як комиссияи ҳукуматӣ бо раҳбарии нахуствазир Қоҳир Расулзода ҳал мекунад.
Тақдири ояндаи "Тоҷик Эйр"-ро як комиссияи ҳукуматӣ бо раҳбарии нахуствазир Қоҳир Расулзода ҳал мекунад.

Як ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ аз доираҳои наздик ба ширкат, ки нахост номаш ошкор шавад, қаблан гуфта буд, ки вазъи молии ширкати "Тоҷик Эйр" хеле нигаронкунанда аст ва дар назди комиссияи давлатӣ ду гузина ё вариант қарор дорад:

  • Муфлис ё банкрот эълон кардани ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" бинобар касодии молӣ;
  • Дар сурати ислоҳпазир будани вазъи "Тоҷик Эйр", дубора ҳамроҳ кардани он ба Фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе.

Интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз кори "Тоҷик Эйр"

Охири соли 2018 дар як ҷаласаи ҳукумат президенти Тоҷикистон аз кори "Тоҷик Эйр" интиқод карда ва амр дод, ки фаъолияти ширкатро бисанҷанд. Дар ҷаласаи рӯзи 29-уми ноябр Хайрулло Раҳимов, раиси "Тоҷик Эйр", ҳузур доштааст ва ба гуфтаи ду фарди огоҳ аз мавзӯъ, Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи хариди ҳавопаймои бузурги "Боинг 767-332" дахл кардааст.

Ба қавли мусоҳибони Радиои Озодӣ, ки нахостанд, номашон ифшо шавад, Эмомалӣ Раҳмон иддао дар бораи "гаронтар аз қимати аслиаш сабт шудани ҳавопаймо дар санадҳо"-ро дар миён гузоштааст. Раиси ҷумҳур аз Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия хостааст, масъаларо таҳқиқ кунанд.

"Тоҷик Эйр" шояд ягона ширкати давлатӣ аст, ки ҳар ду сол раисаш иваз мешавад. Дар 10 соли гузашта, дар ин ширкат 5 раҳбари нав таъйин кардаанд, вале вазъи он зиёд тағйир наёфтааст ва шикоят аз хадамоти он кам намешавад.

Дар Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоӣ – "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" – дар маҷмӯъ 10 ҳавопаймои мусофирбар доранд. Ҳамзамон, ба Тоҷикистон ҳудуди 15 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ парвоз анҷом медиҳанд.

Шарҳҳоро бинед (12)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG