Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нархи билети ҳавопаймо дар Тоҷикистон 23% гарон шуд. САДО


Акс аз бойгонӣ

Арзиши билет ё хадамоти ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон дар давоми тақрибан як соли охир беш аз 23 дар сад гарон шудааст. Дар ин бора Оҷонсии омори Тоҷикистон дар гузориши тозаи худ хабар дод.

  • Корафтодаҳо низ мегӯянд, ки агар соли гузашта ба ҳисоби миёна нархи билети ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба Маскав 1300 сомонӣ буд, имсол аз 1700-1800 сомонӣ кам нест.
Сокинони ноҳияҳои Исфараву Конибодом тавассути шаҳрҳои Ӯшу Бишкеки Қирғизистон сафар мекунанд. Сокинони Хуҷанду Мастчоҳу Ашт аз фурудгоҳи Тошканд истифода мекунанд

"Бахше аз муштариҳоро аз даст додем"

Мақомоти Оҷонсии ҳавонавардӣ ё авиатсионии Тоҷикистон гаронии билети ҳавопаймоҳоро дар кишвар тасдиқ мекунанд. Азиз Набизода – муовини аввали раиси Оҷонсии ҳавонавардӣ – рӯзи 18-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар як соли охир ба далели гаронии нархи билет, ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар бахше аз муштариёни худро аз даст додаанд.

Азиз Набизода
Азиз Набизода

Ӯ афзуд, "мо тақрибан ҳамаи мусофирон дар водии Зарафшонро аз даст додаем. Онҳо парвозҳои худро тавассути фурудгоҳи шаҳри Самарқанд анҷом медиҳанд. Сокинони ноҳияҳои Исфараву Конибодом тавассути шаҳрҳои Ӯшу Бишкеки Қирғизистон сафар мекунанд. Сокинони Хуҷанду Мастчоҳу Ашт аз фурудгоҳи Тошканд истифода мекунанд".

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:44 0:00
Линки мустақим

Таъсири нархи сӯзишворӣ ва таъмири ҳавопаймоҳо

Набизода дар идомаи суҳбат гуфт, ки аз як сӯ нархи сӯзишворӣ ва аз тарафи дигар таъмири гарони ҳавопаймоҳо дар хориҷа ба нархи билет дар кишвар таъсир гузоштааст. Ӯ мегӯяд, "нархи сӯзишворӣ ҳадди ақал дар кишварҳои ҳамсоя дар муқоиса ба Тоҷикистон тақрибан ду баробар арзон аст".

Нархи билети ҳавопаймоҳо дар Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна гаронтарин ба шумор меравад ва ин як мояи интиқоди муҳоҷирони корӣ – мусофирони асосии ширкатҳои ҳавопаймоӣ – аст. Қимати билетҳо асосан дар мавсими баҳору тирамоҳ, вақти сафар ва бозгашти муҳоҷирон, боло меравад.

Бинобар ин, бархеи онҳо рӯ ба мусофирбарҳо оварда ва баъзеи дигар худро ба фурудгоҳҳои кишварҳои ҳамсоя задаанд.

"Пули бе дарди миён надорам"

Фаридун Азизов, сокини 28-солаи шаҳри Истаравшан, дар гузашта барои сафар ба шаҳри Новосибирски Русия аз ширкатҳои ҳавопаймоии кишвар билет мехарид. Аммо имсол баъди боз шудани марзҳо бо Узбекистон ҳисоб кард, ки омаду рафташ тавассути қаламрави кишвари ҳамсоя ду баробар арзон мешавад.

"Баҳори гузашта аз тариқи фурудгоҳи Тошканд ба Русия рафтам. Нисбатан арзонтар аст. Бозгаштам низ аз ҳамин тариқ сурат гирифт. Бо азоб пул меёбем, чанд рубл ҳам захира кунем, барои мо муҳим аст", - афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон мегӯянд, мушкили аслии арсаи ҳавонавардии кишвар ба мавзӯи мудирият рабт мегирад. Онҳо ҳамчунин ба ин боваранд, ки набудани рақобат дар бозори ҳавонавардии кишвар чунин вазъиятро ба миён овардааст.

"Рақобат нест"

Шамсиддин Ҷалолов
Шамсиддин Ҷалолов

Шамсиддин Ҷалолов, таҳлилгари масоили иқтисодӣ мегӯяд, “дуруст аст, ки нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон болост. Вале, ин амр ба далели набудани рақобат дар бозор пайдо шудааст. Яъне, мақомот иҷоза намедиҳанд, ки ширкатҳои дигар вориди бозори таъмини маводи сӯхти ҳавопаймоҳо шавад. Мақомоти баландпояи Тоҷикистонро зарур аст, дар ин замина таҷдиди назар карда, ба ширкатҳои хориҷӣ ворид кардани сӯзишворӣ барои ҳавопаймоҳоро иҷоза диҳанд.”

Ду ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон – “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” дар маҷмӯъ 10 ҳавопаймои мусофирбар доранд. Ҳамзамон, ба Тоҷикистон ҳудуди 15 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ парвоз анҷом медиҳанд.

Мақомот мегӯянд, ки имсол ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар маҷмӯъ ба Тоҷикистон ва берун аз он беш аз 1 миллион нафар мусофирро интиқол додаанд. Бахши бузурги ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷие, ки ба Тоҷикистон парвоз мекунанд, ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ташкил медиҳанд.

Ба ин далел, имсол низ аз ҳолатҳои бархӯрди манофеи ҷонибҳо орӣ набуд. Ба унвони мисол, бархе аз ширкатҳои Русия мехостанд бо нархи арзонтар мусофиронро ба Тоҷикистон интиқол диҳанд, вале ин амр мояи нигаронии мақомоти ҳавопаймоии Тоҷикистон мешуд. Дар посух ҷониби Русия барои муддате парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон ба шаҳрҳои Русияро маҳдуд мекард.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG