Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи парвозҳои "Осмон Эйр" дар байни Эрон ва Тоҷикистон


Ширкати "Осмон Эйр" парвози ҳавопаймояшро аз шаҳри Машҳади Эрон ба пойтахти Тоҷикистон қатъ кард. Парвози охирини ҳавопаймои ширкати "Осмон Эйр" аз Душанбе ба Машҳад рӯзи 21-уми сентябри имсол анҷом шуд. ​Феълан дари намояндагии ин ширкат дар бинои меҳмонхонаи "Тоҷикистон" дар Душанбе баста аст.

Фаъолияти як ширкати ҳавопаймоии Эрон дар Тоҷикистон дар ҳоле қатъ шудааст, ки ду кишвар тайи тақрибан се сол боз муносибати чандон хуб надоранд. Муносибатҳои ду кишвар бинобар пуштибонии раҳбарияти Эрон аз ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ рӯ ба харобӣ овард.​

Нархи билети парвозҳои "Осмон Эйр" дар муқоиса бо ширкати "Тоҷик Эйр" 20 дарсад арзонтар будааст

Ҳоҷӣ Тоҳирӣ, намояндаи ширкати "Осмон Эйр", рӯзи 26-уми сентябр дар суҳбати телефонӣ аз Эрон ба Радиои Озодӣ гуфт, далели аслии қатъи парвозҳо "мушкили иқтисодист". Ӯ гуфт, ки "қазия аз тарафи сафорати Эрон дар Тоҷикистон бояд пайгирӣ шавад".

Мушкили иқтисодӣ ё муҷаввиз?

"Воқеан, парвози охирини ҳавопаймои ширкати мо аз Душанбе ба Машҳад 21-уми сентябр сурат гирифта буд. Феълан музокирот барои азсаргирии парвозҳо идома дорад. Эҳтимол то охири моҳи оянда мушкил рафъ шавад", - афзуд ӯ.

Тоҳирӣ нагуфт, ки музокирот бо намояндагони Тоҷикистон бар сари чист ва агар мушкил сирф иқтисодист, чаро пойи Душанбе дар миён аст?

Баъзе аз манобеъ мегӯянд, ки қатъи парвози ҳавопаймоҳои "Осмон Эйр" ба тамдид нашудани муҷаввизи фаъолияташ дар Тоҷикистон вобаста аст. ​

Азиз Набизода
Азиз Набизода

​Аммо мақомоти ҳавонавардии Тоҷикистон аз қатъи парвозҳои "Осмон Эйр" изҳори бехабарӣ карданд. Азиз Набизода, муовини мудири Оҷонсии ҳавонавардии Тоҷикистон, рӯзи 26-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, барои парвозҳои ин ширкат дар фасли тирамоҳу зимистон иҷозатнома дода шудааст, "вале намедонам чаро "Осмон Эйр" парвозҳояшро ба Тоҷикистон қатъ кард".

Билетҳои арзон

Набизода гуфт, "фикр мекунам, сабаби асосӣ шояд мушкили моливу иқтисодӣ бошад. Зеро дар бораи маҳдудияти парвозҳои ин ширкат ба Тоҷикистон ҳеҷ иқдом гирифта нашудааст".

"Осмон Эйр" дар гузашта миёни Теҳрону Душанбе низ ҳафтае як парвоз анҷом медод. Ба гуфтаи мутахассисони ширкати "Тоҷик Эйр", нархи билети парвозҳои "Осмон Эйр" дар муқоиса бо ширкати тоҷикистонӣ 20 дарсад арзонтар буд. Арзиши билети парвози ҳавопаймои “Тоҷик Эйр” аз Душанбе ба Теҳрон ва баръакс муодили 350 евро аст.

Беш аз сад мусофир дар як парвоз

Гузашта аз ин, ба далели арзонии сӯзишворӣ дар Эрон, "Осмон Эйр" ба мусофирон хадамоти бештар ироа карда, то 30 кило бори бепули мусофиронро интиқол медод. Дар “Тоҷик Эйр” ин меъёр 20 кило муқаррар шудааст.

Ширкати ҳавопаймоии "Осмон Эйр"-ро Созмони бознишастагӣ ё ба ибораи дигар мақомоти нафақадиҳии Эрон сарпарастӣ мекунад. Ҳавопаймоҳои ин ширкат солҳои охир аз Машҳад ба шаҳри Душанбе ва баръакс ҳафтае як парвоз анҷом медиҳанд. Ба гуфтаи манобеи огоҳ, парвозҳои ин ширкат тавассути ҳавопаймоҳои "Боинг" ва "Эйрбас" анҷом шуда, дар ҳар як парвоз ба ҳисоби миёна беш аз 100 мусофир ба ду кишвар сафар мекарданд.

Ширкати "Осмон Эйр" аз соли 1992 парвозҳоро аз Машҳад ба Душанбе оғоз карда буд. Аз соли 1997 то соли 2002 ин ширкат ба далели камбуди ҳавопаймо якҷо бо "Тоҷик Эйр" тавассути ҳавопаймои "Як-40" миёни Машҳад ва Душанбе ҳафтае 3 парвоз анҷом медод. "Меҳан Эйр", як ширкати ҳавопаймоии дигари Эрон, барои парвоз ба Тоҷикистон ҳақ дорад.

Аммо феълан норӯшан аст, ки аз ҷониби Эрон кадом ширкати ҳавопаймоӣ барои интиқоли мусофирон дар миёни ду кишвар муваззаф мешавад. Зеро, тибқи созишномаи байниҳукуматӣ ду кишвар дар парвози ҳавопаймоҳо бояд саҳми баробар ё паритет дошта бошанд.

Парвозҳои ширкати "Осмон Эйр" дар ҳоле қатъ шуданд, ки тайи тақрибан се соли охир дар пасманзари сардии равобити Теҳрону Душанбе ва намояндагиҳои тиҷоративу фарҳангии Эрон, аз ҷумла Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ баста шудааст. Муносибатҳои ду кишвар бинобар пуштибонии раҳбарияти Эрон аз ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ рӯ ба харобӣ овард ва соли гузашта Тоҷикистон Эронро дар тарҳрезии кушторҳои сиёсии солҳои 90-ум муттаҳам кард. Теҳрон даъвои ҷониби Тоҷикистонро беасос меномид.

XS
SM
MD
LG