Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

96 соли авиатсияи тоҷик. Масъулон аз пешрафт гуфтанд, коршиносон – аз камбудҳо. ВИДЕО


Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе

Имсол Рӯзи авиатсияи тоҷик дар ҳоле таҷлил гардид, ки бо сабаби паҳншавии бемории COVID-19 парвозҳои мунтазами ҳавопаймоҳо қатъ шуда, бахше аз кормандони соҳаро ба рухсатии бемузд фиристодаанд. Масъулон мегӯянд, дар умум соҳа пешрафти чашмгир доштааст. Баъзе аз коршиносон аз камбудҳое ба монанди сатҳи пасти хадамот ва бозори бидуни рақобати соҳа танқид мекунанд.

Бори аввал 3-юми сентябри соли 1924 ҳавопаймои Ю-13 аз Бухоро ба Душанбе омад ва ҳамасола ин сана ҳамчун Рӯзи авиатсияи тоҷик таҷлил мегардад.

Маҳмуд Муҳаммадов, ки беш аз 40 сол таҷрибаи ҳавонавардӣ дорад, гуфт, вазъеро, ки ҳоло барои соҳа пеш омадааст, дар гузашта шоҳид нашуда буд. Ӯ рӯзи севуми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар шароити пандемия баъзе аз кормандон бе маош монданд ва агар парвози ҳавопаймоҳо нашавад, даромад низ нест."

Таҳлилгарон мегӯянд, зарбаи коронавирус ба бахши ҳавонавардӣ хоси кишварҳои дигар низ ҳаст, аммо сарфи назар аз ин, кори авиатсияи тоҷик номуваффақ мебошад. Намояндагони Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон аз кори худ пайваста ситоиш мекунанд.

Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари тоҷик, инҳисор ва набуди рақобатро аз камбудҳои асосии соҳа донист. Вай рӯзи севуми сентябр барои тақвияти суханонаш ширкати хусусии “Сомон Эйр”-ро мисол овард, ки ба бовари ӯ, "бе монополия ва истифода аз фишанги қудрат ба ними тавони имрӯзааш ҳам расида наметавонист."

Дар ширкати “Сомон Эйр” ва Оҷонси авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон иддаоро дар бораи монополист будани ширкат беасос донистанд ва корашро шаффоф арзёбӣ намуданд.

Наътулло Абдулов, масъули Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, фаъолият дар соҳаи авиатсия, аз ҷумла кори ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар чаҳорчӯби қонун ва зери назорати ҳукумат ҷараён мегирад.

Таҳлилгар Абдуманнон Шералиев иддао дорад, "монополия" дар соҳаи авиатсия боис ба гаронии нархи билет ва беҳтар нашудани фаъолияти фурудгоҳҳо шудааст: "Агар монополия намебуд, то ин замон чанд ширкати ҳавопаймоӣ дар кишвар таъсис ёфта, фурудгоҳҳоро ба хабҳои байналмилалӣ табдил медоданд."

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Авиатсияи тоҷик 96-сола шуд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоӣ дорад. "Тоҷик Эйр" ширкати давлатӣ ва "Сомон Эйр" ширкати хусусӣ аст. Дар баробари ин, 12 ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ дар бозори кишвар хидматрасонӣ мекунанд.

Бархе аз огоҳон ба ин назаранд, ки нархи гарони билет ва ҳамчунин набуди тартибу низом ва мудирияти дуруст дар бозори ҳавопаймоӣ ба он оварда расонид, ки теъдоди бузурги мусофирон тавассути Узбекистон ва Қиргизистон сафар мекунанд. Аз даст додани бахше мусофиронро дар соли 2018 намояндагони ширкати “Тоҷик Эйр” эътироф карда буданд.

Интиқодҳо аз кори авиатсия дар ҳолест, ки Наътулло Абдулов, масъули Оҷонси авиатсияи шаҳрвандӣ мегӯяд, ин соҳа дар замони соҳибистиқлолии кишвар ба дастовардҳои зиёде ноил гардидааст. Ӯ имзои созишномаи иртиботи ҳавоӣ бо беш аз 20 кишвари дунё ва бунёди терминали нав дар фурудгоҳи байналмилалии Душанберо аз зумраи дастовардҳои соҳа номид ва таъкид кард, ки “саҳми соҳаи авиатсия дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ назаррас аст”.

Тоҷикистон дар Душанбеву Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар чаҳор фурудгоҳи байналмилалӣ дорад. Ба иттилои расмӣ, то замони маҳдудиятҳо дар парвози ҳавопаймоҳо дар ин фурудгоҳҳо аз сӯи ширкатҳои ҳавопаймоии дохилу хориҷ ба тақрибан 500 ҳазор мусофир хизмат расонида шудааст.

Ҳарчанд масъулони Оҷонси авиатсия мегӯянд, нияти васеъ намудани ҷуғрофияи парвозҳо, афзоиши хатсайрҳо ва беҳбуди хизматрасониро доранд, коршиносон ба ин назаранд, ки то замоне ки шаффофият ва рақобати солим дар ин соҳа таъмин нагардад, авиатсияи тоҷик ба таври зарурӣ рушд нахоҳад дошт.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (4)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG