Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон мисли ду ҳамсоякишвар осмонашро боз мегузорад?


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

"Осмони боз" ба Тоҷикистон чӣ медиҳад? Дар чунин шароит Тоҷикистон чӣ шонс дорад?

15-уми январ Сооронбой Ҷеенбеков, раиси ҷумҳури Қирғизистон, қонун дар бораи “Ворид кардани тағиру иловаҳо ба Кодекси ҳавонавардӣ”-ро имзо кард ва бо ҳамин осмони кишвараш барои ҳавопаймоҳои хориҷӣ боз шуд. Аз ин баъд ҳавопаймоҳои хориҷӣ иҷоза доранд, ки бидуни муҷаввизи хос мусофирон, борҳо, почта, бағоч ва ғайраро дар қаламрави Қирғизистон бигиранд ё фароранд.

Тибқи пешбинии муаллифони лоиҳаи қонун сиёсати “осмони боз” қимати чиптаҳои ҳавопайморо то 40% поин мебарад ва ҷуғрофияи парвозҳоро аз ҳисоби транзит миёни кишварҳои Осиё, Аврупо ва Шарқи Наздик васеъ менамояд. Бар илова мумкин аст, сармоягузорон, гардишгарон бештар биёянд ва Қирғизистон ба як кишвари транзитӣ табдил шавад.

Пайравӣ ба Қазоқистони ҳамсоя

Қирғизистон кишвари нахустини минтақа нест, ки осмонашро ба рӯи дигарон боз мекунад. Моҳи феврали соли 2018 чунин қарорро Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон содир кард.

Дар қарор гуфта мешавад, ки дар фурудгоҳи байналмилалии “Қаршӣ” реҷаи “осмони боз” татбиқ карда мешавад ва чунин реҷа фурудгоҳҳои Андиҷон, Нуқус ва Навоӣ ҳам роҳандозӣ мешавад.

Баъди ин дар моҳи майи соли 2018, раиси Кумитаи давлатии гардишгарии Узбекистон Азиз Абдуҳакимов гуфт, ки ширкатҳои русии Nord ва «Уральские авиалинии» ва ширкатҳои туркии Pegasus Airlines ва Atlasglobal изҳор карданд, ки мехоҳанд дар ин хатсайрҳо парвоз анҷом диҳанд

Таҷрибаи аввалини “осмони боз” дар минтақаро Қазоқистон соли 2017 амалӣ кард ва ба ширкатҳои хориҷӣ имкон дод, ки ба Остона парвозҳои ҳамарӯза анҷом диҳанд. Дар натиҷаи чунин таҷриба дар хатсайрҳои дохилӣ теъдоди мусофирон то 88% ва дар масирҳои байналмилалӣ то 30% афзоиш ёфт.

“Мувофиқону мухолифон”-и “осмони боз” дар Қирғизистон

Таҷрибаи Қазоқистон барои Бишкек, зоҳиран ҷолиб аст. Тавре яке аз ташаббускорони “осмони боз” дар Қирғизистон, Искандар Шаршеев коршиноси масоили иқтисодӣ изҳор дошт, “аз нигоҳи мавқеъ ва икмолотӣ Қирғизистон дар маркази минтақа қарор дорад, ки фазои кишварро барои сарфаи маводи сӯхт фоидаовар мекунад. Мутаносибан барои ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷие, ки дар ин масир парвоз анҷом медиҳанд, қобили таваҷҷуҳ мегардад”.

Вале на ҳама аз сиёсати “осмони боз” барои рушди соҳаи ҳавонавардии Қирғизистон хушбинанд. Ширкатҳои ватанӣ ва як қатор коршиносони соҳа ҳамвора бо ин ташаббус мухолифат кардаанд ва гуфтаанд, ки пеш гирифтани чунин сиёсат ширкатҳои дохилиро аз байн мебарад.

Таалайбек Окенов, коршиноси соҳаи ҳавонавардӣ дар ин бора гуфт: “Ҳукумат бар ин назар аст, ки “осмони боз” кадом як тадбири ҷодуиест, ки тамоми мушкилоти ҳавонавардии шаҳрвандиро ҳал мекунад, вале чунин намешавад. Баръакс, ин ба ҳавонавардӣ зарари калон ворид мекунад, як соҳаи бузург нобуд мешавад ва нафарони зиёд бекор мемонанд.”

Ба гуфтаи ӯ, новобаста ба тарҳи “осмони боз” дар Қирғизистон ширкатҳои Бритониёи Кабир, Ҷопон ва ё Амрико парвоз анҷом намедиҳанд ва “осмони боз” барои ҳамон ширкатҳои Қазоқистону Узбекистону Русия хоҳад буд, ки “метавонанд, ширкатҳои моро аз бозор берун кунанд ва ё комилан нагузоранд, ки парвоз анҷом диҳем.”

Раҳбарияти Тоҷикистон низ аз оғози соли гузашта ба ин таҷриба таваҷҷуҳ кард. Моҳи январи соли 2018 дар шӯрои машваратии беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ин идеяро матраҳ ва ҷанбаҳои фоидаовари онро барои кишварҳое, ки онро роҳандозӣ кардаанд, таъкид кард.

Он замон сардори давлат ба Оҷонси ҳавонавардӣ супориш дод, ки барои амалӣ кардани ин сиёсат ва бештар кардани хатсайрҳои ҳавоӣ чораҳои зарурӣ андешад. Радиои Озодӣ талош кард, ки аз вазорати нақлиёти Тоҷикистон вобаста ба ин супориш посух дарёфт кунад, вале дар ин ниҳод аз шарҳ тавассути телефон худдорӣ карданд.

Коршиносони мустақил ба аҳамияти татбиқи сиёсати “осмони боз” дар Тоҷикистон таъкид мекунанд, вале мегӯянд, инҳисорталабони (монополистҳо) бозорҳои дохилӣ ҳеч гоҳ иҷозаи иҷро шудани чунин тарҳро намедиҳанд.

Хатарҳо барои ширкатҳои дохилӣ

Коршиноси тоҷик Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён бар ин назар аст, ки яке аз кафолатҳои рушд дар шароити ҳозир ин аст, ки кишвар на танҳо фазои ҳавоии худ, балки роҳҳои оҳанро боз бигузорад, то кишварҳои ҳамсоя битавонанд аз онҳо истифода кунанд.

Дӯстмуҳаммадиён ҳамчунин ба хатарҳое, ки ҳоло дар бозори ҳавонавардӣ вуҷуд доранд, ишора кард ва гуфт: “Набуди тартибу низоми дуруст дар бозори ҳавонавардӣ ба он оварда расонд, ки ҳоло теъдоди бузурги мусофирон тавассути Узбекистон ва Қиргизистон сафар мекунанд.”

Аз даст додани мусофиронро дар яке аз суҳбатҳо бо Радиои Озодӣ дар октябри соли 2018 сухангӯйи ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” Азиз Хайруллоев ҳам эътироф кард. Он замон Хайруллоев боло будани қимати чиптаҳои ҳавопаймо, арзиши баланди маводи сӯхт ва рақобати шадид дар бозори ҳамлу нақли ҳавоиро ёдовар шуд.

Дар ҳоли ҳозир ширкати миллии ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” бар асари мушкилоти молӣ парвозҳои худро ба Русия ва кишварҳои дигар боздоштааст.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

«Сомон Эйр», ки бар асоси иттилои ғайрирасмӣ мансуб ба раиси “Ориёнбонк” ва додарарӯси раисҷумҳур Ҳасан Асадуллозода мебошад, дар ҳоли ҳозир амалан бозори ҳавонавардии ватаниро соҳиб аст ва монополист ба ҳисоб меравад.

Инҳисорро ҳамчун ин дар ин замина Ширкати маводи сӯхт ва ширкати “Тоҷикаэронавигатсия” ва корхонаи фуруши чиптаҳои ҳавопаймо дар ихтиёр доранд.

Коршиноси тоҷик Абдуманон Шералиев мегӯяд, ки бо роҳандозӣ шудани “осмони боз” дар кишварҳои ҳамсоя, имкон дорад, таъсири шадиде ба соҳаи ҳавонавардии Тоҷикистон, ки комилан инҳисорӣ шудааст, бирасад.

“Ин кор албатта қимати билетҳо дар кишварҳои ҳамсояро ба ҳадди чашмрас поён мебарад. Мушкили асосии Тоҷикистон ин аст, ки ҳаргиз ин сиёсатро ҷорӣ карда наметавонад. Чун поёнравии нархҳо ва ба дигарон додани мусофирон ба нафъи онҳое нест, ки соҳаро инҳисори худ кардаанд. Баръакс онҳо мекӯшанд, ҳеҷ ширкати бегонае ба Тоҷикистон роҳ наёбад”- мегӯяд Шералиев.

Ягона посухи дархури мантиқи монополистҳои тоҷик, ки мешавад интизор шуд, ба гуфтаи коршинос ин аст, ки кӯшиш мекунанд, аз парвози тоҷикистониён тавассути кишварҳои ҳамсоя ҷилавгирӣ кунанд, ки паёмади ин кор сиёсӣ мешавад.

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён
Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён

Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён ҳамчунин мегӯяд, ки агар раванди хориҷ шудани мусофирон давом кунад, истисно нест, ки ширкатҳои қазоқӣ, русӣ ва ё дигари хориҷӣ дар муҳлати кӯтоҳ имконоти “осмони боз”-и кишварҳои ҳамсояро истифода карда, ба мусофирони тоҷик хатсайрҳои муфидро тавассути Бишкек, Тошканд ва ё Самарқанд пешниҳод кунанд.

Дар ҳоли ҳозир дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 18 ширкати кишварҳои хориҷии ҳамсоя ва дур парвоз анҷом медиҳанд. Дар бозор аз ширкатҳои ватанӣ ширкатҳои “Тоҷик Эйр” ва ширкати хусусии “Сомон Эйр” ҳузур доранд.

Барои муқоиса дар Қирғизистони ҳамсоя тибқи маълумоти Оҷонси ҳавонавардии шаҳрвандӣ 4 ширкати дохилӣ “Эйр манас”, “Эйр Қирғизистон”, “Авиатрафик” ва “Тез Жет” ҳузур доранд.

Теъдоди мусофирон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар соли 2017 1,3 миллион нафарро ташкил додааст. Дар Қирғизистон дар ин давра аз тариқи Фурудгоҳи байналмилалии “Манас” тақрибан 3 миллиону 600 ҳазор нафар ба хориҷу дохил сафар кардаанд.

XS
SM
MD
LG