Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Билети арзон ба Русия" мусофиронро ба истифода аз фурудгоҳи Кӯлоб моил кардааст. ВИДЕО


Фурудгоҳи Кӯлоб
Фурудгоҳи Кӯлоб

Парвози ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи Кӯлоб ба Русия зиёд шудааст. Акнун талабгорони сафар аз гӯшаҳои гуногуни кишвар дар ҷустуҷӯйи ин шаҳр афтодаанд. Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба далели набудани кор ё дарёфти шиносномаи русӣ ҳамроҳ бо зану фарзандони худ ба Русия мераванд.

Нуралӣ Ҳомидзода, раиси Фурудгоҳи Кӯлоб, чунин афзоишро бесобиқа номид: "Ҳоло аз инҷо ба шаҳри Маскав, Краснодар, Тюмен, Омск, Калуга ва умуман ба 30 шаҳр парвози ҳавопаймоҳо анҷом мешавад."

Ин дар ҳолест, ки пеш аз ҳамагирии коронавируси нав аз ин ҷо ҳафтае ҳамагӣ чаҳор парвози ҳавопаймо сурат мегирифт. Акнун садҳо муҳоҷир ба Кӯлоб меоянд, то аз ин ҷо ба Русия раванд, зеро нархи билет ин ҷо арзонтар буда, 5600 сомониро ташкил медиҳад.

Танҳо дар моҳи гузашта аз ин ҷо зиёда аз 23 ҳазор нафар ба Русия рафтаанд. Зиёд шудани парвозҳо ба фурудгоҳ имкон додааст, “қарзҳояшро диҳад ва зарари баробар ба 24 миллион сомониро пӯшонад”.

“Дар шаш моҳ 310 парвоз иҷро шуд ва дар ин давра мо 35 милиону 335 ҳазору 73 сомонӣ даромад гирифтем”, -- гуфт Нуралӣ Ҳомидзода, раиси Фурудгоҳи Кӯлоб рӯзи 13-уми июл.

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Билети арзон ба Русия мусофиронро ба истифода аз фурудгоҳи Кӯлоб моил кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:23 0:00

Фурудгоҳи Кӯлоб соли 2006 мақоми байналмилалиро соҳиб гашт ва дар гузашта на фақат ба Русия, балки ба Қазоқистону Чин ҳам парвозҳо анҷом медод.

Аммо суоле, ки беш аз ҳама дар нишасти хабарии раиси фурудгоҳ садо дод, ин буд, ки ахиран чӣ теъдод аз ҳарбиёни Афғонистон, ки сарҳадро гузашта, дар Тоҷикистон паноҳ ёфта буданд, ба Кобул баргардонида шуданд. Нуралӣ Ҳомидзода дар ҷавоб ба ин суол фақат такрор мекард, ки “ин масъала дар салоҳияти ӯ нест”.

Чунин посух хабарнигоронро қонеъ намекард. Рӯзноманигор Аслиддин Достиев гуфт, “гурезае, ки меояд, дар ваколати Шумо нест. Ягон ҳодисаи дигар шавад, амният медонад, онро фурудгоҳ намедонад. Пас, кори Шумо аз чӣ иборат аст?”

Дар як соати нишасти хабарии раҳбари фурудгоҳи Кӯлоб ин суол аз сӯйи ҳар хабарнигор борҳо садо дод. Нуралӣ Ҳомидзода гуфт, “ин дар салоҳияти мо нест. Мо ба назди ҳавопаймо нарафтем, намедонем, киро оварданд ва киро бурданд.”

- Чанд ҳавопаймо омад?

- Ҳисоб накардем.

- Мусофиркаш набуданд?

- Не, ҳавопаймоҳои худашон буданд. Аз давлати Афғонистон. Барои ҳамин, ваколат надорем ва назди онҳо нарафтем.

Бо вуҷуди он ки ҳамаи афғонистониҳо аз Кӯлоб ба Кобул парвоз карданд, Нуралӣ Ҳомидзода, раиси фурудгоҳ, мегуфт, шарҳе дода наметавонад. Хабарнигорон гуфтанд, ки Ҳомидзода тавонист, бо як ибораи "ман салоҳият надорам" аз посух ба ин суоли муҳим фирор кунад.

XS
SM
MD
LG