Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимановская гуфт, мехоҳад узви тими миллии варзишии Полша шавад


1 август, шаҳри Токио. Кристина Тимановская дар иҳотаи полиси фурудгоҳи Токио ба макони амн интиқол меёбад
1 август, шаҳри Токио. Кристина Тимановская дар иҳотаи полиси фурудгоҳи Токио ба макони амн интиқол меёбад

Кристина Тимановская, варзишгари беларусӣ, ки се ҳафта пеш дар Полша паноҳанда шуд, гуфт, мехоҳад дар варзиш аз Полша намояндагӣ кунад. Рӯзи 18-уми август дар мусоҳиба бо телевизиони РБК Тимановская гуфт, ки ният дорад аризаи шаҳрвандии Полшаро дода, бар асоси он баъдан ба ҳайси як варзишгари полшагӣ ҳунарнамоӣ кунад. Давандаи 24-сола, ки аз интиқоли маҷбуриаш аз Токио ба Минск пешгирӣ карду бо ёрии ҷомеаи байналмилалӣ муқими Полша шуд, гуфт, барои гирифтани шаҳрвандии Полша се сол интизор шудан лозим аст, вале ӯ умед дорад, ки ба хотири “хосса будани қазияи ӯ” ин ҷараён босуръаттар пуштисар мешавад ва ӯ метавонад дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ аз тими миллии Полша намояндагӣ кунад.

Тимановская қарори мақомоти варзишии Беларусро интиқод кард, ки ба хотири кам будани варзишгарони касбӣ ихтисоси ӯро мехостанд маҷбуран тағйир дода ӯро водор кунанд, ки дар дави навъи дигар иштирок кунад. Дар натиҷа, мақомот ва матбуоти давлатии Беларус зидди ӯ маъракаи сиёҳкуниро шурӯъ карданд ва мураббиёнаш дар Токио ӯро аз ширкат дар бозиҳои олимпӣ берун карда маҷбуран ба фурудгоҳи Токио бурданд, то ба ватан баргардад. Ба ӯ таҳдид карданд, ки дар ватанаш муҷозот мешавад. Тимановская дар фурудгоҳ худро ба дасти полиси Ҷопон супурд ва баъди ин аз сафорати Полша дархости паноҳандагии сиёсӣ кард. Қазияи ӯ дар чанд рӯз ҳал шуд ва мақомоти варзишии Беларус мавриди интиқоди ҷомеаи байналмилалӣ гардид.

Тимановская дар мусоҳибааш бо РБК дар бораи фишору таъқиб ва ҳатто ҳабси варзишгарони дигар дар Беларус хабар дод, ки ошкоро мухолифи режими Александр Лукашенко садо баланд кардаанд.

XS
SM
MD
LG