Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА "рафтори хашин"-и Беларус дар истифода аз муҳоҷиронро интиқод кард


19 августи соли 2021. Наздикиҳои деҳаи Уснатс Горний, Полша. Муҳоҷирон аз хоки Беларус ба марзи Полша расида таҳти назари марзбонони Полша қарор гирифтаанд
19 августи соли 2021. Наздикиҳои деҳаи Уснатс Горний, Полша. Муҳоҷирон аз хоки Беларус ба марзи Полша расида таҳти назари марзбонони Полша қарор гирифтаанд

Иттиҳоди Аврупо мақомоти Беларусро, ки муҳоҷирони ғайриқонуниро водор мекунанд ба хоки кишварҳои узви ин созмон ворид шаванд, ҳамчун “ҳамлаи мустақим” ва “рафтори хашини” Беларус интиқод кард. Вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар ҷаласаи изтирории рӯзи 18-уми август ҳангоми баррасии мушкили убури ғайриқонунии марзи Латвия, Литва ва Полша аз ҷониби муҳоҷирон Беларусро интиқод карданд, ки “даст ба истифодаи инсонҳо ҳамчун василаи ҳадафҳои сиёсӣ” мезанад. Дар изҳороти баъди ҷаласа вазирони корҳои хориҷӣ гуфтанд, “чунин рафтори хашин... ғайри қобили қабул аст ва ҳамлаҳои мустақими бесуботкунандаву фишороваранда ба Иттиҳоди Аврупоро афзун мекунад”. Дар изҳорот омадааст: “Дар оянда Иттиҳоди Аврупо бояд роҳҳои бархӯрд бо чунин ҳолат ба хотири боло бурдани муассирияти кор ва пешгирӣ аз талошҳои истифодаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ҳайси васила ба чунин шаклро андеша кунад”.

То имрӯз аз хоки Беларус танҳо ба марзи Литва 4100 паноҳҷӯ, асосан ироқиҳо расидаанд, дар ҳоле, ки Латвияву Полша ҳам аз афзоиши муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз хоки Беларус хабар медиҳанд. Полша гуфт, ки ҳудудан 1 ҳазор нирӯро дар марз бо Беларус мустақар кардааст, то ки ба марзбонон дар амри пешгирӣ аз вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ мусоидат кунанд. Литва дар нотае ба Минск эътирози қотеи худро алайҳи нақзи муқаррароти марзӣ аз ҷониби марзбонҳои Беларус баён кардааст.

XS
SM
MD
LG