Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз он ки Толибон монеи сафари шаҳрвандони Афғонистон мешаванд


18-уми авгуфт, фурудгоҳи Кобул. Ин нафарон мунтазири тарки Афғонистон ҳастанд
18-уми авгуфт, фурудгоҳи Кобул. Ин нафарон мунтазири тарки Афғонистон ҳастанд

Ҳукуматҳои хориҷӣ берун бурдани шаҳрвандони худ ва ҳам афғонҳоеро, ки бо онҳо ҳамкорӣ кардаанд, идома медиҳанд, айни замон, нигарониҳо аз масдуд шудани роҳҳои дастрасӣ ба фурудгоҳи Кобул ва хатари афзоиши хушунатҳо дар ҷашни истиқлолияти ин кишвар боло мегирад. Баъди 15-уми август, ки Толибон Кобулро ишғол карданд, ҳазорҳо нафар талош доранд ба фурудгоҳ расида, аз он ҷо ба хориҷа бираванд. Бисёр сокинони ҳаросон аз омадани ҷангиёни усулгаро мехоҳанд Афғонистонро тарк кунанд.

Раҳбарони Толибон мегӯянд, ки хостори сулҳ ва як ҳукумати фарогири исломӣ ҳастанд ва ҳеҷ таҳдиде ба мухолифонашон надоранд. Вале рӯзи 19-уми август хабарҳо расид, ки ҷангиёни Толибон дар посгоҳҳои атрофи фурудгоҳи шаҳри Кобул нафарони худро ҷой дода, ба шаҳрвандони Афғонистон, ҳатто онҳое, ки иҷозатнома дар даст доранд, намегузоранд вориди фурудгоҳ шаванд. Ба иттилои Толибон ва нирӯҳои НАТО, дар дохилу атрофи фурудгоҳ 12 нафар кушта шудаанд.

Рӯзи 19-уми август дар Афғонистон иди истиқлолият таҷлил мешавад, вале баъди он ки нахустин эътирози дастаҷамъона дар шаҳри шарқии Ҷалолобод рӯзи 18-уми август ба хушунат печид, фазои кишвар пуртаниш шудааст.

XS
SM
MD
LG