Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости СММ: Маҷмаи кулли СММ фосилавӣ баргузор шавад


Ҳайати Тоҷикистон дар Маҷмаи кулли СММ дар таърихи 23 сентябри соли 2009. Мавқеи мақомоти тоҷик ба даъвати имсолаи ИМА дар бораи худдорӣ аз ширкати ҳузурӣ дар ҷаласаи шаҳри Ню-Йорк феълан маълум нест
Ҳайати Тоҷикистон дар Маҷмаи кулли СММ дар таърихи 23 сентябри соли 2009. Мавқеи мақомоти тоҷик ба даъвати имсолаи ИМА дар бораи худдорӣ аз ширкати ҳузурӣ дар ҷаласаи шаҳри Ню-Йорк феълан маълум нест

Дар фазои таҳдидҳои афзояндаи коронавируси навъи «Делта», мақомоти ИМА аз раҳбарони кишварҳое, ки мехоҳанд моҳи сентябр дар ыаласаи солонаи Маҷмаи кулии СММ иштирок кунанд, даъват намуд, ки паёмҳои худро ба ҷаҳониён на ҳузурӣ, балки фосилавӣ тавассути интернет бирасонанд. Намояндагии ИМА дар СММ дар муроҷиаташ ба 192 кишвари узви СММ даъват намуд, ки тамоми ҷаласаи сарони кишварҳои узви СММ ва ҳам нишастҳои паҳлӯӣ дар чаҳорчӯби ин маърака ба таври фосилавӣ барпо шаванд.

Линда-Томас Гринфилд, сафири ИМА дар СММ ба унвонии ҳамкоронаш аз кишварҳои дигар навишт, “агар ҳайатҳо тасмим гиранд, ки ба Ню-Йорк сафар кунанд, пас шумори аъзои ҳайат бояд маҳдуд бошад”. Номае, ки 13-уми август ирсол шудааст, рӯзи 17-уми август ба дасти хабаргузории Рейтерс расид.

Дар ин нома гуфта шудааст, ки “ба бовари ИМА, танҳо мубоҳисаҳои умумӣ бояд ба таври ҳузурӣ барпо шаванд”, вале ҷаласаҳои дигари паҳлӯӣ беҳтар аст фосилавӣ ташкил шаванд, то ки, ба навиштаи дипломати амрикоӣ, “хатари беҳудаи афзоиши олудашавӣ ҳам барои мусофирон ва ҳам сокинони Ню-Йорк пеш наояд”.

Дар ҷаласаи соли гузаштаи Маҷмаи кулли СММ, ки аввалин бор дар фазои пандемияи коронавирус баргузор шуд, раҳбарон паёмҳои видеоии худро аз пеш сабт карда барои пахш дар вебсайти СММ ирсол намуданд.

XS
SM
MD
LG