Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IAEA нигаронӣ кард, ки Эрон ғанисозии ураниюмро афзоиш додааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Оҷонси байнулмилалии энержии ҳастаӣ (IAEA) мегӯяд, Эрон ғанисозии ураниюмро афзоиш додаааст.

Ин созмон 17-уми август дар гузорише эълон кард, ки Эрон дар таъсисот ё иншооти Натанз дар ҳоли ғанисозии ураниюм то сатҳи 60 дарсад аст. Теҳрон барои тавлиди силоҳи ҳастаӣ ба ғанисозии ураниюм то сатҳи 90 дарсад ниёз дорад.

Мақомоти ин кишвар борҳо гуфтаанд, ки дар пайи сохтани бомби ҳастаӣ нестанд. Қудратҳои ҷаҳон соли 2015 барои пешгирӣ аз барномаи ҳастаии Эрон бо ин кишвар созиш имзо карда, дар иваз баъзе таҳримҳоро бардоштанд.

Аммо соли 2018 раиси ҷумҳурии пешини Амрико Доналд Трамп кишварашро аз тавофуқ берун кашид. Эрон низ оҳиста-оҳиста баъзе аз уҳдадориҳои худро аз рӯйи созишнома кам кард.

Ҳоло ҷонибҳо барои эҳёи созиши ҳастаӣ музокирот доранд.

XS
SM
MD
LG