Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманистон гурезаҳои афғонро қабул намекунад


Марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ.
Марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ.

Туркманистон низомиёни афғон ва туркмантаборонеро, ки аз хушунатҳо дар Афғонистон мехоҳанд, ба ин кишвар паноҳ бибаранд, роҳ намедиҳад.

Дар ин бора бахши туркмании Радиои Озодӣ бо истинод ба сокинони маҳаллӣ ва низомиёни Туркманистон хабар додааст.

Ишқободи расмӣ қабул накардани гурезаҳои афғон ва ҳаводиси ҷорӣ дар Афғонистонро шарҳ намедиҳад.

Туркманистон бо Афғонистон ҳудуди 800 километр марзи муштарак дорад. Як манбаи бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфт, вазъ дар марзи Туркманистон бо Афғонистон нигарониҳоеро ба бор оварда, мақомоти туркман давоми чандин моҳ ба сарҳад неруи иловагӣ фиристоданд.

Ҷанҷӯёни ҳаракати Толибон рӯзи якшанбе, 15 август шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистонро бидуни ҷанг тасарруф карда, вориди қасри раёсатҷумҳурии он кишвар шуданд.

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ баъди ворид шудани ҷангҷӯён бо чанд тан аз наздиконаш аз кишвар фирор кард.

XS
SM
MD
LG