Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо навиштанд, ки Абдурашид Дӯстум дар Узбекистон аст


Абдурашид Дӯстум.
Абдурашид Дӯстум.

Бино ба гузориши хабаргузориҳои Reuters, РИА Новостӣ ва ТАСС, маршал Абдурашид Дӯстум ва фармондеҳу волии пешини Балх Ато Муҳаммади Нур ба Узбекистон фирор кардаанд.

Тавре расонаҳо навиштаанд, Абдурашид Дӯстум ва Ато Муҳаммади Нур 14 август тавассути пули Ҳайратон-Тирмиз вориди Узбекистон шудаанд. Хабаргузории ТАСС иттилоъ додааст, ки Дӯстум феълан дар Тирмиз аст.

Расонаҳои маҳаллии Узбекистон низ ин хабарро тасдиқ карданд, вале Тошканди расмӣ онро рад мекунад.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 15-уми август дар эъломияе гуфт, ки 84 кас, аз ҷумла се захмӣ, аз Афғонистон ба қаламрави ин кишвари Осиёи Марказӣ гузаштаанд.

Дар эъломия аз касе, аз ҷумла маршал Абдурашид Дӯстум ва фармондеҳу волии пешини Балх Ато Муҳаммади Нур ҳеч ишора нарафтааст.

XS
SM
MD
LG