Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири Русия дар Афғонистон: "Бо террористон будан беҳтар"


Аз чап, сафири рус Жирнов ва вазири корҳои хориҷии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар, 10 марти соли 2021
Аз чап, сафири рус Жирнов ва вазири корҳои хориҷии Афғонистон Муҳаммад Ҳаниф Атмар, 10 марти соли 2021

Сафири Русия дар Афғонистон Дмитрий Жирнов дар пахши зиндаи радиои "Эхо Москви" гуфт, ки "аҳвол дар Кобул бо толибони террорист беҳтар аст", назар ба ончӣ дар давраи президент Ашраф Ғанӣ буд.

"Ман дар бобати аввалин шабонарӯзи назорати онҳо дар Кобул мегӯям. Бардоштҳоям хубанд", – шарҳ дод сафир ва илова кард, ки мехоҳад дар мулоқот бо намояндагони толибҳо масъалаи амнияти кормандони сафоратро баррасӣ кунад.

Жирнов муносибати Толибонро ба ин масъала "рӯшан, хуб, мусбат ва корӣ" номид. "Барои расидан ба ҳамдигарфаҳмии комил ягон монеа намебинам", – хулоса кард ӯ.

Толибон дар Русия ҳамчун созмони террористӣ манъ карда шудаанд, вале борҳо дар сатҳи вазири корҳои хориҷии ин кишвар истиқбол шудаанд. Чандин кишвар бо расидани толибҳо ба Кобул дар пайи кӯчондани дипломатҳои худ ва бастани сафоратҳоянд.

XS
SM
MD
LG