Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия 410 зиндонии сиёсиро ҳисоб кардаанд


Алексей Навалний дар зиндон
Алексей Навалний дар зиндон

Маркази ҳуқуқи инсон – "Мемориал" – дар Маскав хабар дод, ки шумораи маҳбусони сиёсӣ дар Русия ба 410 нафар расидааст. Ин рақам дар оғози имсол ба 349 кас баробар буд.

"Мемориал" гузориши нави худро дар бораи маҳбусони сиёсӣ рӯзи 16-уми август нашр кард. Ба қавли масъулонаш, ин шумораи камтарини маҳбусони сиёсӣ аст, ки ё паси панҷара нишастаанд ё дар ҳабси хонагиянд.

"Дар асл, бешубҳа, шумораи маҳбусони сиёсӣ ва шахсони дигаре, ки бо сабабҳои сиёсӣ зиндонӣ шудаанд, зиёданд", -- гуфта мешавад дар гузориш.

Аз 410 касе, ки рӯйхат шудаанд, 329 кас дар робита ба озодиҳои динӣ ва 81 кас бо сабабҳои дигари сиёсӣ зиндонӣ шудаанд.

Маъруфтарин маҳбуси нави сиёсӣ сиёсатмадори мухолиф Алексей Навалний аст, ки моҳи январ ҳангоми бозгашт аз Олмон дар Маскав дастгир ва ҳабс шуд.

Навалний ва ҷонибдоронаш дар ин кор раиси ҷумҳури Русия Владимир Путинро гунаҳкор карданд, вале Кремлин рад намуд.

XS
SM
MD
LG