Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъулони кони ҷанҷолӣ гуфтанд, ки чаро "мудирияти берунӣ" ҷорӣ шуд


Кони Қумтор
Кони Қумтор

Ширкати "Қумтор Голд Компанӣ"-и Қирғизистон 16-уми август бо нашри изҳороте гуфт, "дар вазъияти амну устувор ва бо тамоми иқтидор фаъолият мекунад".

"Ширкати "Сентерра"-и канадагӣ дастрасии ҳамаи кормандони корхонаро ба низоми ҷаҳонии иттилоотӣ ва сервисҳо маҳдуд кард. Дар натиҷа низомҳои муҳим ва ҳаётии мониторингӣ масдуд шуданд. Масдудшавии ҳамаи низомҳо ва дастгоҳҳои иртиботӣ дар як вақт барои амнияту ҷони кормандон хатари ҷиддиеро эҷод кард", - омадааст дар изҳорот.

Бинобар ин, ба гуфтаи масъулони ширкат, "мақомоти Қирғизистон маҷбур шудаанд, ки барои таъмини амнияти фаъолияти ширкат фавран низоми мудирияти муваққатиеро роҳандозӣ кунанд.

"Қумтор Голд Компанӣ" афзудааст, ки "стратегияи нави коркарди кон таҳия шуда, гуруҳи мудирияти берунӣ дар ҳоли ҳозир бо иҷрои он машғул ҳастанд". "Агар ширкатҳои "Камеко" ва "Сентерра" аз аввал қонунҳои Қирғизистонро риоя мекарданд, ҳамкорӣ бо онҳо идома меёфт", - гуфта шудааст дар изҳорот.

​Қумтор - калонтарин кони тилои Қирғизистон аст. Ин конро ширкати канадагии "Сентерра" коркард мекард. Қирғизистон 26 дарсади саҳмияҳои ширкатро дар ихтиёр дорад.

Ҳукумати Қазоқистон иддао дорад, ки ширкати мазкур иҷозатномаи коркарди конро ғайриқонунӣ ба даст овардааст ва ҳоло талош дорад, ки онро бекор кунад.

XS
SM
MD
LG