Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Албания ва Косово барои паноҳандагони афғон сарпаноҳи муваққатӣ медиҳанд


Эди Рама, нахуствазири Албания
Эди Рама, нахуствазири Албания

Албания ва Косово дархости ИМА-ро дар бораи ба паноҳҷӯёни Афғонистон пеш аз визаи муҳоҷират ба ИМА сарпаноҳ гирифтанашон қабул карданд. Нахуствазири Албания Эди Рама рӯзи 15-уми август гуфт, ки маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден аз Албания ба унвони як кишвари муттафиқ дар паймони НАТО хост, ки дар хокаш муваққатан паноҳҷӯёни афғонро қабул кунад. Рама дар Фейсбук навишт: “Мо на ба он хотир “не” намегӯем, ки муттафиқи бузурги мо чунин дархосте кардааст, балки ба хотири он ки мо албанӣ ҳастем”. Хабарагузории Ройтерс бо такя ба манбаъҳояш навишт, ки маъмурияти Байден аз кишварҳои мисли Албанияву Косово дархост кардааст, ки дар қабули муваққатии паноҳандагони афғон, ки аз тарси қассосгириҳои Толибон барои ҳамкориашон бо амрикоиҳо тарки кишвар мекунанд, розӣ шаванд. Ин гурӯҳи паноҳандагон то замони ҳал шудани масъалаи визаи сафарашон ба ИМА дар ин кишварҳо хоҳанд монд.

Ин хабарро ба Радиои Озодӣ дар шаҳри Приштина, пойтахти Косово Луан Далипи, раиси ситоди нахуствазири ин кишвар ҳам тасдиқ кард. Ӯ гуфт: “Мо аз миёнаҳои моҳи июл аз рӯи ин мавзӯи дардноку ҳассос бо давлати ИМА ва низомиён гуфтугӯ дорем. Дар ин масъала чандин паҳлӯҳои марбут ба таъминот ва ҳам корҳои фанниву амниятӣ ва иҷтимоӣ ҳаст, ки мо сари онҳо кор мекунем. ИМА муттафиқи асосиву шарики стратегии мо аст. Ҳамааш хуб мешавад”.

XS
SM
MD
LG