Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо ҳукумат ба ҳимояти мардуми Афғонистон ва паноҳандагон даъват карданд


15-уми август. Фирориёни таҳаввулоти ахир аз Афғонистон ба Покистон мераванд
15-уми август. Фирориёни таҳаввулоти ахир аз Афғонистон ба Покистон мераванд

Даҳҳо ҳукуматҳо аз ҳама ҷонибҳои дахил дар таҳаввулоти Афғонистон тақозо карданд, ки ҷараёни тарки Афғонистон кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳам худи афғонҳоро “эҳтиром ва барояшон мусоидат кунанд”. Бисёр кишварҳои хориҷӣ сафоратҳои худро дар Афғонистон мебанданд ва кишварро тарк мекунанд. Рӯзи 15-уми август Толибон вориди Кобул шуда худро пирӯз эълон карданд. Ҳузури 20-солаи нирӯҳои байналмилалӣ дар ин кишвари ҷангзада бо ҳамин ба охир мерасад. Ҳукумат пош хӯрд, президент Ашраф Ғанӣ аз Афғонистон рафт. Маълум нест, ки ӯ ҳоло дар куҷо аст.

Назорат бар фурудгоҳи байналмилалии Кобул дар ихтиёри нирӯҳои амрикоӣ мебошад ва бисёр сокинони маҳаллӣ талош доранд кишварро тарк кунанд. Дар як ҳафтаи гузашта суръати ишғолгариҳои Толибон дар саросари кишвар вусъат ёфт ва қаламравҳои зиёде таҳти назорати онҳо гузашт. Дар изҳороте, ки 60 давлат зери он имзо гузоштаанд, бо таъкид ба бадтар шудани вазъ дар Афғонистон гуфта мешавад: “Онҳое, ки дар Афғонистон дар мавқеи қудрат ва раҳбарӣ ҳастанд, Даҳҳ барои ҳимояти мардум ва дороиҳои онҳо ва ҳамчунин, таъмини амният ва тартиботи ҷамъиятӣ масъулият ва ҷавобгарӣ доранд”. Дар изҳороте, ки дар вебсайти Департаменти давлатӣ нашр шудааст, омадааст: “роҳу фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои марзӣ бояд боз бимонанд ва бояд оромӣ барқарор шавад”. Дар ниҳояти ин изҳорот омаааст: “Мардуми Афғонистон сазовор аст, ки дар шароити амну шоиста зиндагӣ кунад. Мо – ҷомеаи байналмилалӣ, омода ҳастем, ки дар ин кор кӯмак расонем”.

XS
SM
MD
LG