Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон як гузаргоҳи марзиашро бо Афғонистон баст


Гузаргоҳи Торхам, сарҳади Афғонистону Покистон. 3-юми августи 2021
Гузаргоҳи Торхам, сарҳади Афғонистону Покистон. 3-юми августи 2021

Шайх Рашид Аҳмад, вазири корҳои дохилии Покистон, рӯзи 15-уми август хабар дод, ки гузаргоҳи Торхамро дар сарҳад бо Афғонистон бастанд. Ҳоло қисмати афғонистонии ин гузаргоҳ зери назорати гурӯҳи "Толибон" аст. Ба қавли Шайх Рашид Аҳмад, ба бастани Торхам вазъи фавқулода дар Афғонистон сабаб шуд. Ӯ дар мусоҳиба бо телевизиони маҳаллии "Geo" гуфт, ҳангоме ки полиси афғон ба "Толибон" таслим шуд, сарҳадро қуфл заданд. Покистон пештар гуфта буд, ки дар пайи бӯҳрон дар ин кишвари ҷангзада наметавонад, масъулияти қабули паноҳандагони нави афғонро ба дӯш гирад.

XS
SM
MD
LG