Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ҳашт нафар дар паи суқути ҳавопаймое дар Туркия


Сӯхтор дар як ҷангали атрофи Анталияи Туркия. 28-уми июл
Сӯхтор дар як ҷангали атрофи Анталияи Туркия. 28-уми июл

Хабаргузориҳои русӣ гуфтанд, ки дар паи суқути ҳавопаймое, ки дар ҷануби Туркия дар амалиёти сӯхторхомӯшкунӣ ширкат мекард, ҳашт нафар кушта шуд. Интерфакс ва Тасс бо такя ба вазорати дифои Русия гуфтанд, ки ҳавопаймои Be-200 баъд аз зӯҳри 14-ми август дар наздикиҳои шаҳри Аданаи Туркия ба замин афтод.

Ба иттилои вазорат, панҷ ҳодими низомии Русия ва се шаҳрванди мулкии Туркия кушта шуданд. Ҳавопаймои зидди сӯхторхомӯшкунӣ хеле бузург буда, махсус барои обпошӣ дар маконҳои мушкилгузар ба кор меравад. Мақомоти изтирории Туркия, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ бо сӯхторҳои бесобиқа мубориза мебаранд, ҳавопайморо аз Русия иҷора гирифта буданд.

Сӯхторҳо чандин осоишгоҳҳои воқеъ дар соҳилҳои баҳри Миёназаминро осеб расониданд, ҳарчанд президент Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, ки сӯхторҳои бесобиқа асосан хомӯш карда шуданд.

XS
SM
MD
LG