Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикоят ба Додгоҳи олӣ: "Ҳукми додгоҳи ноҳия беасос аст". ВИДЕО


Меҳроншоҳ Ҷумъаев

Пайвандони Меҳроншоҳ Ҷумъаев, корманди милисае, ки моҳи феврали имсол аз тири силоҳ дар бинои пулиси ноҳияи Панҷ ҷон бохт, аз болои ҳукми додгоҳи ин ноҳия ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурдаанд.

Додгоҳи ноҳияи Панҷ Насим Амирзода, муттаҳами аслӣ дар парвандаро барои "куштор аз беэҳтиётӣ" гунаҳкор дониста, ӯро ба 3 сол ҳабси сукунатӣ ва пардохти 100 ҳазор сомонӣ ба пайвандони афсари кушташуда маҳкум кард.

Холиқназар Ҷумъаев, амаки Меҳроншоҳ, рӯзи 13-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "дар аризаи худ аз Додгоҳи олӣ дархост намудем, ки ҳукми додгоҳи Панҷ нисбати маҳкумшуда Насим Амирзода бинобар беасос ва ғайриқонунӣ буданаш бекор карда шуда, барои баррасии нав ба ҳамин суд дар ҳайати дигар судя ирсол карда шавад".

Ӯ афзуд, ки тафтишот ва марҳилаҳои гуногуни додгоҳӣ собит карда натавонистанд, ки куштор тасодуфӣ буд ва то ҳанӯз ба тасодуфӣ будани он бовар надоранд.

Рӯзи 12-уми август дар Додгоҳи олӣ аризаи наздикони Меҳмоншоҳро қабул карданд ва ҳоло маълум нест посухи ин ниҳод ба шикояти онҳо чӣ хоҳад буд.

Наздикони Меҳроншоҳ Ҷумъаев қаблан низ ба марҳилаи назоратии Додгоҳи вилояти Хатлон шикоят бурда буданд, аммо шикояташон рад ва ҳукми додгоҳи зинаи аввалӣ бетағйир гузошта шуд.

Меҳроншоҳ Ҷумъаеви 25-сола рӯзи 7-уми феврали имсол ва ҳангоми супурдани силоҳ дар бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Панҷ бо зарби тир ҷон бохт. Додгоҳи ноҳияи Панҷ рӯзи 11-уми май гумонбарро бар асоси моддаи "куштор аз беэҳтиётӣ" гунаҳкор донист, вале пайвандони Меҳроншоҳ инро қабул надоранд ва ҷазо нисбат ба ӯро "хеле сабук" медонанд.

Додгоҳи вилояти Хатлон рӯзи 9-уми июн шикояти наздикони афсари кушташудаи милисаро дар ноҳияи Панҷ рад карда, ҳукми додгоҳи зинаи аввалро бетағйир гузошт.

Хешовандони Меҳроншоҳ ҷазои гунаҳкори марги ӯро сабук меноманд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG