Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канада барномаи нави кӯмак ба муҳоҷирати шаҳрвандони Афғонистонро қабул кард


Торонто, назди Роҳи оҳан
Торонто, назди Роҳи оҳан

Вазири муҳоҷирати Канада Марко Мендисино рӯзи 13-уми август гуфт, ки ин кишвар ният дорад беш аз 20 ҳазор шаҳрванди Афғонистонро ба хотири ҳимояти онҳо аз қассосгириҳои Толибон дар хоки худ сарпаноҳ диҳад. Нақшаи мазкур гурӯҳи афроди фавқулодда заъфпазири мисли раҳбарони созмонҳои занон, ҳомиёни ҳуқуқ, журналистон, аққалиятҳои динӣ ва намояндагони ҷомеаи аққалиятҳои ҷинсиро фаро хоҳад гирифт.

Мендисино гуфт, ки ба ин гурӯҳ ҳам афроди сокини Афғонистон ва ҳам фироркардаҳо ба кишварҳои ҳамсоя дохил мешаванд. Мендисино дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ин барномаи нав буда, баробар бо барномаи аввали кӯмак ба тарҷумон ва кормандони сафорати Канада ва оилаҳои онҳо роҳандозӣ мешавад.

Мӯҳлати иҷрои ин барнома эълон нашудааст, вале ба гуфтаи вазири дифои Канада, нирӯҳои вижа барои интиқоли мардум аз Афғонистон мусоидат мекунанд.

XS
SM
MD
LG