Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рад шудани визаи журналисти ВВС дар Маскав мавриди маҳкумияти Лондон шуд


Хабарнигори ВВС Сара Рейнсфорд бо ҳаводорони тими Барселона сӯҳбат мекунад
Хабарнигори ВВС Сара Рейнсфорд бо ҳаводорони тими Барселона сӯҳбат мекунад

Русия тамдиди визаи журналистои ВВС дар Маскавро рад кард ва амалан ӯро аз кишвар хориҷ намуд. Дар як изҳороте рӯзи 13-уми август раҳбарияти шабакаи бритониёӣ амали мақомоти Русия нисбати Сара Рейсфордро “ҳамлаи мустақим ба озодии матбуот” номид ва ҳукумати Бритониё аз Маскав тақозо намуд, ки “тасмими худ нисбати журналисти ҷоизадори ВВС-ро бозбинӣ кунад, чун он метавонад озодии матбуот дар Русияро бештар хароб кунад”.

Ин қарор дар ҳолест, ки мақомот дар Русия дар остонаи интихоботи парлумонии моҳи сентябр саркӯби мухолифон ва матбуоти мустақилро афзоиш додаанд.

Телевизиони давлатии “Россия 24”, ки дар бораи рад шудани тамдиди визаи Рейнсфорд хабар дод, мегӯяд, қарори мазкур дар посух ба шеваи бархӯрди Лондон ба журналистони мавриди ҳимояти давлати Русия - RT ва “Спутник” гирифта шуд, ки бо пӯшиши масоили байналмилалӣ машғуланд. Мария Захарова, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки борҳо Лондонро ҳушдор додааст, ки дар посух ба тарзи бархӯрди "табъйизомез" бо журналистони Русия “чораҳои ҷавобӣ” хоҳад гирифт. Ӯ гуфт, хабарнигорони ВВС чанд рӯз пеш дар вазорати корҳои хориҷӣ буданд ва “ба онҳо ҳама чиз шарҳ дода шуд”.

Вазорати умури хориҷии Бритониё иддаои Маскавро дар бораи гӯё “табъйизомез” будани бархӯрди Лондон нисбати журналистони Русия рад карда гуфтааст, ки хабарнигорони Русия дар ин кишвар “кори худро озодона идома медиҳанд”.

Худи Рейсфорд ин хабарро “харобиовар” номид ва дар Твиттер навишт, “ихроҷ аз Русияе, ки он ҷо сеяки умри ман пуштисар шуда ман аз он ҷо давоми солҳо гузоришҳо додаам, харобиовар аст”.

Тим Дейви, раҳбари кулли ВВС хабари ихроҷи Сара Рейнсфордро “ҳамлаи мустақим ба озодии матбуот” номида ин қарорро маҳкум кард. Ӯ гуфт, Сара як журналисти “фавқулодда ва нотарс аст. Ба забони русӣ озодона гап мезанад ва дар бораи Русияву собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гузоришҳои мутақил ва фарогир нашр мекунад. Ӯ садҳо миллион нафар муштариёни ВВС-ро дар ҷаҳон хабардор мекунад”.

XS
SM
MD
LG