Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АП: Ҳуввияти оилаи фавтида дар Ишкошим ошкор шуд


Ноҳияи Дарвоз. Акс аз бойгонӣ
Ноҳияи Дарвоз. Акс аз бойгонӣ

Шаби 11-ум ба 12-уми август як мошини сабукрав бо 5 мусофир, ки ҷасадеро аз Душанбе ба Ишкошим барои хоксупорӣ интиқол медоданд, дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. Дар ин садама панҷ мусофири ин мошин, ки ҳамагӣ аъзои як оила будаанд, ҳалок шудаанд.

Яке аз пайвандони ин оила бо номи Аминҷон, ки дар Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон кор мекунад, рӯзи 12-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, панҷ нафар аз хешовандонаш дар мошин як ҷасадро барои хоксупорӣ ба Ишкошим мебурданд. Ӯ афзуд, ки "мошин шабона дар ҳудуди деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвоз ба дарё чаппа шудааст. То кунун тобут бо ҷасад ва ду нафар аз мусофирони фавтида ёфтаву аз об берун кашида шуданд. Кофтукоби се мусофири дигар идома дорад".

Рӯзи 13-уми август хабаргузории "Азия-Плюс" исми қурбониҳои ин фоҷеаро ошкор кард. Ба иттилои ин манбаъ, сокинони деҳаи Багуш Нисобегим Муродмамадова, ҳамсараш Тиллобек Холдорбек, писараш Вафо Тиллобек ва ҷиянаш Руслан Шакар ҷасади модари Нисобегим - Басбегим Аёмбековаро аз Душанбе ба Ишкошим барои хоксупорӣ интиқол медоданд. Ронанда ҳам як узви хонаводаи онҳо Шодибек Зераков буд. Айни замон ҷасадҳои Нисобегим Муродмамадова ва Тиллобек Холдорбек ва ҳам ҷасади модари Нисобегим пайдо шудааст. Ҷустуҷӯи дигарҳо идома дорад.

Ҳамсуҳбати мо афзуд, бинобар пуртуғёну бузург будани дарёи Панҷ ғаввосон ҳам дар ин шароит кор карда наметавонанд ва ҳоло мақомот дар минтақаҳои поёноб ҷустуҷӯи ҷасадҳоро идома медиҳанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ мусофирон бо мошини тамғаи “Лексус“ ҳаракат доштанд ва пурра рӯшан нест, чаро мошин якбора ба дарё сарозер шудааст. Наҷотбахшон ҳоло худи мошинро ҳам наёфтаанд.

XS
SM
MD
LG