Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон барои як акс сафирони Русияву Бритониёро даъват кард


Ин акси сафирони Русия ва Бритониё Леван Ҷагарян ва Саймон Шерклифф Эронро ранҷонд
Ин акси сафирони Русия ва Бритониё Леван Ҷагарян ва Саймон Шерклифф Эронро ранҷонд

Эрон барои нашри аксе дар шабакаи Твиттери сафорати Русия, ки ҳодисаҳои таърихии замони Ҷанги дуюми ҷаҳонро ба ёд меоранд, сафирони Русия ва Бритониёро даъват кард. Матбуоти давлатӣ рӯзи 12-уми август гузориш дод, ки вазорати корҳои хориҷии Эрон сафирон Леван Ҷагарян ва Саймон Шерклиффро барои аксе, ки конфронси соли 1943-и Теҳрон, замони аз ҷониби Русия ва Бритониё ишғол шудани Эронро ба ёд меорад, “даъват намуд”. Дар ин акс дида мешавад, ки сафирони Русия ва Бритониё мисле, ки нахуствазири Бритониё Уинстон Черчилл ва раҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Сталин дар мулоқоти сегона бо президенти ИМА Франклин Рузвелт мулоқот карда буданд, нишаста акс гирифтанд. Дар акси ахир курсии президенти ИМА холӣ буд.

Русияву Бритониё соли 1941 хоки Эронро, ки мавқеи бетараф дошт, ба хотири дастрасӣ ба майдонҳои нафташ ишғол карданд. Вазири ояндаи умури хориҷии Эрон Ҳусейн Амир Абдулллоҳиён гуфт, ки ин акс “ғайридипломатӣ” аст ва ба “ғурури миллии мардуми Эрон осеб мерасонад”.

Сафорати Русия гуфт, ки намехост касеро биранҷонад. Дар Твиттери сафорат омадааст: “Мо мехоҳем таъкид кунем, ки ин амал ҳеҷ маънои зиддиэронӣ надорад. Мо мардуми дӯсти эрониро ранҷонидан намехоҳем”.

XS
SM
MD
LG