Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Тоҷикистон 50 ҳазор вояи "Спутник V" тақдим кард 


Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия ба Тоҷикистон 50 ҳазор вояи "Спутник V" тақдим кард. Ин кӯмак рӯзи 13 август ба Душанбде расонда шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон ба расонаҳо хабар додааст.

Аввали ин ҳафта Олмон а Тоҷикистон 100800 воя ваксинаи AstraZeneca ваъда кард. Пештар аз он аз ИМА ва Чин ба Тоҷикистон садҳо ҳазор вояи CoronaVac ва Moderna расонда шудаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шумораи умумии эмшудагони зидди COVID-19 дар кишвар аз 1 миллион нафар гузаштааст. Дар бархе аз ниҳодҳо эмгузаронии зидди куруно ҳатмӣ шуда, инчунин аз шаҳрвандон дар баъзе аз ҳолатҳо гувоҳномаи гирифтани ваксина талаб карда мешавад.

Дар бархе аз манотиқи кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон шаҳрвандон мегӯянд, эми якумро гирифтаанд ва бо гузашти зиёда аз ду моҳ барояшон имконияти вояи дувум дода нашудааст.

XS
SM
MD
LG