Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли нави таҳсил дар Қирғизистон 15 сентябр оғоз меёбад


Акс аз моҳи сентябри соли 2020
Акс аз моҳи сентябри соли 2020

Соли нави хониш дар Қирғизистон 15-уми сентябр шуруъ мешавад. Улуғбек Марипов, раиси девони вазирони Қирғизистон, рӯзи 12-уми август дар ин бора фармон содир кардааст.

Аз девони вазирони он кишвар гуфтанд, чунин тасмим бо назардошти вазъи беҳдоштии кишвар гирифта шудааст.

То ин замон аз 152 ҳазору 827 корманди соҳаи маориф 56 ҳазору 114 кас зидди коронавирус ваксина гирифтаанд. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, ҳадди ақал бояд 52 ҳазор корманди дигарро эм кунанд.

"Тасмими дертар шуруъ кардани соли хониш ба маоши кормандон ва раванди таҳсил таъсире нахоҳад дошт", - хабар доданд аз девони вазирони Қирғизистон.

Дар ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон паҳншавии вабои коронавирус боис гардид, ки бисёре аз мактбаҳо ба таҳсили фосилавӣ гузаранд.

XS
SM
MD
LG