Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Amnesty International: Дар Русия баргузории эътирозҳои сулҳомез тақрибан номумкин шудааст


Зане бо дастури шеваи назорат аз интихобот шинос мешавад
Зане бо дастури шеваи назорат аз интихобот шинос мешавад

Созмони Афви байнулмилал ё Amnesty International дар гузорише рӯзи 12-уми август гуфт, мақомоти Русия ҳаққи мардумро ба эътирозҳои сулҳомез ба андозае танг кардаанд, ки ҳоло дигар баргузории эътирозҳои осоишта тақрибан номумкин шудааст. Гузорише бо номи “Русия: Ҷое барои эътироз намондааст” дар остонаи интихоботи парлумониву маҳаллии моҳи оянда нашр шуда, дар он омадааст, ки “мақомоти Русия бо қабули қонунҳои маҳдудкунанда ва шеваи сангини кори полису таъқибҳои ҷиноии дигарандешон ҳаққи мардумро ба ҷамъомадҳои сулҳомез аз байн бурдаанд”.

Гузориш мегӯяд, саркӯби эътирозҳо аз қабули қонуни федеролии соли 2004 дар бораи ҷамъомадҳо шурӯъ шуда, солҳои баъдӣ ба шеваҳои дигар густариш ёфт. Олег Козловский, яке аз муаллифони гузориши Афви Байнулмилал мегӯяд, “кор то ҷое расидааст, ки эътирози хиёбонӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ як амали ҷиноӣ ва аз ҷониби шаҳрвандоне, ки ба чунин ҳаққи худ бовар доранд, як амали қаҳрамонона арзёбӣ мешавад”.

Гузориш аз мақомоти Русия даъват кардааст, ки интихоботи моҳи сентябрро дар фазои дигаргуна барпо кунанд ва аз танг кардани ҳуқуқи инсон даст кашанд.

XS
SM
MD
LG