Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико "Азия-Инвест", ширкати ҳамкори Тоҷикистонро таҳрим кард


Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико
Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико

Вазорати корҳои хориҷии Амрико зидди ширкате таҳрим ҷорӣ кард, ки бо Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.

Ҷамъияти “Азия-Инвест”, ки дар Уфаи Бошқирдистон дар Русия воқеъ аст, ду даҳаи охир ба Тоҷикистон таҷҳизоти гирдроэнергетикӣ ва саноати маъдани куҳӣ мефурӯшад.

Дар сомонаи расмии ширкат гуфта мешавад, ки он ҳамчунин бо ширкатҳои зиёде дар Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон низ тиҷорат дорад. Он дар соҳаи саноати ҳарбӣ ва тавлидоти кимиёӣ низ бо кишварҳои гуногун ҳамкорӣ мекунад.

“Азия-Инвест” 21 сол пеш таъсис ёфта, ба ҳамсарон Гузал ва Марсел Исфандиёровҳо тааллуқ дорад.

Акнун ҳамаи додуситад бо “Азия-Инвест” манъ буда, кишвар ё ширкатҳое, ки бо он тиҷорат мекунанд, метавонанд, ҳадафи таҳримҳои нави ҳукумати Иёлоти Муттаҳида қарор гиранд.

Ба гуфтаи Вашингтон, ширкатҳое, ки ахиран таҳрим шуданд, қонуни зидди паҳн кардани фанновариҳи таслиҳотиро поймол кардаанд.

XS
SM
MD
LG