Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи сеюми музокираҳо бо Толибон дар пасманзари ишғолгариҳо


Сокинони мулкии Қундуз, Тахор ва Бағлон баъди аз ҷониби Толибон ишғол шудани ин минтақаҳо беҷо шудаанд
Сокинони мулкии Қундуз, Тахор ва Бағлон баъди аз ҷониби Толибон ишғол шудани ин минтақаҳо беҷо шудаанд

Рӯзи 12-уми август дар пойтахти Қатар шаҳри Давҳа рӯзи сеюм ва ниҳоии музокираҳои Толибон ва ҳукумати Кобул шурӯъ шуд. Ин музокираҳо дар ҳоле баргузор мешаванд, ки амалиёти ишғолгаронаи Толибон дар саросари кишвар босуръат идома дорад ва қисмати калони кишвар зери дасти ҷангҷӯён гузаштааст. Дар канори ҳукумати Кобул, намояндагони ИМА, Чин, Русия ва Покистон ҳам дар Давҳа талош доранд ба созиши ниҳоие дар заминаи оташбас ва ҳалли сиёсии бӯҳрони Афғонистон даст ёбанд.

Дар ҳамин ҳол, бар асоси иттилои тасдиқношуда, рӯзи панҷшанбе Ғазнӣ – як маркази дигари маъмурӣ дар шарқи Афғонистон зери назари Толибон гузаштааст. Дар худи ҳамин рӯз Толибон қароргоҳи марказии полис дар Лашкагоҳ, маркази вилояти Ҳилмандро дар ҷануби кишвар ишғол карданд. Толибон, ки зоҳиран нӯҳумин маркази маъмурии вилоятҳои Афғонистонро ба даст овардаанд, бо нирӯҳои ҳукуматӣ дар ин шаҳри иборат аз 200 ҳазор сокин даргирии тӯлоние доштанд. Агар суқути Ғазнӣ тасдиқ шавад, аз миёни 34 минтақа ин даҳумин маркази вилоятӣ хоҳад буд, ки ба дасти Толибон гузаштааст. Президент Ашраф Ғанӣ талош дорад аз роҳи мулоқоту гуфтугӯҳои ҳузурӣ дар минтақа муқовимат ба ҷангиёнро тақвият диҳад. Рӯзи 11 август ӯ раиси ситоди артишро иваз кард.

XS
SM
MD
LG