Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон фурудгоҳи стратегии Қундузро ишғол карданд. ХАРИТА


Толибон дар даромадгоҳи Кундуз нозирони худро гузоштаанд. 9-уми августи соли 2021
Толибон дар даромадгоҳи Кундуз нозирони худро гузоштаанд. 9-уми августи соли 2021

Ҷангҷӯёни Толибон рӯзи 11-уми август фурудгоҳи маркази вилояти Кундузро дар шимоли Афғонистон ишғол карданд. Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳо, садҳо нирӯи амниятии Афғонистон ба шӯришиён таслим шудаанд.

Манбаъҳои Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ хабар доданд, ки баъзе аз нирӯҳои амниятӣ тавонистаанд, ба ноҳияи Алиободи Кундуз ақибнишинӣ кунанд.

Сухангӯи Толибон Забеҳулло Муҷоҳид дар Твиттер навишт, ин гурӯҳ назорат ба фурудгоҳро ба даст овард ва як навори видеоӣ нашр кард, ки дар он гуё саҳнаҳои ба сафи ҷангҷӯён пайвастани нирӯҳои ҳукуматӣ ба чашм мерасад.

Як узви маҷлиси маҳаллӣ ба “Франс Пресс” гуфт, баъди зери назари Толибон гузаштани аксар қисматҳои шаҳри Кундуз дар рӯзҳои истироҳати гузашта садҳо сарбозу ходими полиси афғон “ҳамроҳ бо муҳимоти низомиашон” ба сафи Толибон гузаштанд.

Бо афзоиши қаламравҳои зери назари Толибон дар як ҳафтаи ахир, президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ ба маркази вилояти Балх, шаҳри Мазори Шариф рафт, то, ба қавли дафтари президент, вазъи амниятии шимоли кишварро мавриди санҷиш қарор диҳад.

XS
SM
MD
LG