Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маоши миёна дар Узбекистон барои 1,5 рӯзи табобати коронавирус расид


Яке аз шифохонаҳои Узбекистон
Яке аз шифохонаҳои Узбекистон

Гирифторони вабои коронавирус дар Узбекистон мегӯянд, табобат аз вабо дар беморхонаҳои хусусӣ барои як рӯз наздики 40 доллар арзиш дорад.

Дар нимаи аввали соли ҷорӣ маоши миёна дар Узбекистон 280 долларро ташкил додааст.

"Тирамоҳи соли гузашта падари ман гирифтори вабои коронавирус шуд ва бисёр ранҷ кашид. Ӯро ба беморхонаи хусусӣ бурдем. Як рӯзи бистарӣ дар шуъбаи эҳё 500 доллар қимат дошт. Падарам онҷо 20 рӯз хобид. Мо қарздор шудем, дар ҳар сурат падарамонро наҷот додем. Вале барои ман ҷолиб аст, ки чаро табобат то ин ҳад гарон аст", - гуфт як сокини шаҳри Тошканд.

Як рӯзи табобат дар беморхонаи хусусӣ ба ҳисоби миёна 250 доллар харҷ дорад.

Як намояндаи Федератсияи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарони Узбекистон гуфт, сокинони зиёде аз хидматрасонии беморхонаҳои хусусӣ, ба вижа аз арзиши хидматрасониҳо шикоят доранд.

XS
SM
MD
LG