Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузоришҳо: Толибон маркази Самангонро низ ишғол карданд


Вилояти Самангон. Акс аз бойгонӣ
Вилояти Самангон. Акс аз бойгонӣ

Бино ба гузоришҳои зиёд, ҷангҷӯёни Толибон рӯзи 9-уми август шаҳри Ойбек, маркази вилояти Самангонро дар шимоли Афғонистон ишғол кардаанд.

Дар як ҳафтаи охир ин шашумин маркази вилояти Афғонистон аст, ки ба дасти Толибон “мегузарад”.

Дар ҳамин ҳол, даргирии сахте байни ҷангҷӯён ва нерӯҳои амниятии Афғонистон дар Балху Тахор ва Кундуз ҷараён дорад.

Сифатуллоҳ Самангонӣ, муовини волии Самангон, рӯзи 9-уми август кӯтоҳ ба хабаргузории “Франсс Пресс” гуфтааст, ки “Толибон назорати пурраи шаҳрро дар ихтиёр доранд”.

Аз он пеш як сухангӯйи Толибон дар Твиттер навишт, ки ҳама иншооти ҳукуматӣ ва идораи полис "тоза карда шуданд".

Суқути Ойбек як рӯз пас аз он сурат гирифт, ки ҷангҷӯён шаҳри стратегии Кундуз, Сарипул ва Толиқонро ишғол карданд.

Онҳо рӯзи шашуми август шаҳри Заранҷ, маркази вилояти Нимрӯз ва Шибирғон, маркази Ҷузҷонро низ гирифта буданд.

Набардҳои сахту хунин дар Афғонистон аввали моҳи майи имсол, ҳангоми берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ ва ҳампаймонҳояшон аз Афғонистон шуруъ шуд. Қарор аст, хуруҷи низомиёни байнулмилалӣ аз ин кишвари ҳамсояи Тоҷикистон то охири моҳи август идома кунад.

XS
SM
MD
LG