Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо таҳримҳои нави зидди Лукашенкоро баррасӣ мекунад


Раҳпаймоии занони чатрбадаст ба нишони ҳамдилӣ бо маҳбусони сиёсии ин кишвар дар Минск, 18-уми июли соли 2021
Раҳпаймоии занони чатрбадаст ба нишони ҳамдилӣ бо маҳбусони сиёсии ин кишвар дар Минск, 18-уми июли соли 2021

Иттиҳоди Аврупо омодагӣ мегирад, ки зидди раҳбари худкомаи Беларус Александр Лукашенко таҳримҳои нав ҷорӣ кунад.

Ин изҳорот дар ҳоле садо медиҳад, ки аз интихоботи баҳсбарангези президентии Беларус ва эътирозҳои барангехтаи он як сол мегузарад.

Натиҷаҳои интихоботи соли гузашта норозигии номзадҳои мухолиф ва ҳазорон нафар аз тарафдорони онҳоро ва ҳамчунин саркӯбгариҳои шадидро ба дунбол доштаанд. Ин натиҷаҳоро кишварҳои Ғарб напазируфтанд.

"Иттиҳоди Аврупо омодааст, ки дар посух ба нописандиҳои ошкорои режим нисбат ба ӯҳдадориҳои байналмилалияш чораҳои минбаъдаро баррасӣ кунад," -- гуфт Хосе Боррелл, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, рӯзи 8-уми август.

Барои хомӯш кардани садои норозиён режими Беларус ҷамъомадҳои хиёбониро ба зӯрӣ пароканда карда, даҳҳо ҳазор аз эътирозгаронро ҳабс намуда, рӯзноманигоронро барои бозтоб додани ин рӯйдодҳо зери фишор гирифтааст.

Даҳҳо нафар аз сарони мухолифони сиёсӣ дар хориҷ аз Беларус паноҳанда шудаанд. Дар ин рӯз ба нишони ҳамдилӣ бо мухолифон дар Варшава ва Киев раҳпаймоиҳои густарда ҷараён гирифтанд.

XS
SM
MD
LG