Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як тоҷири турк аз Мирзиёев хост, ҳаққи ӯро аз соҳибкорони узбекистонӣ ситонад


Масъули ширкати "Dalgıc Hayvancılık".
Масъули ширкати "Dalgıc Hayvancılık".

Аҳмад Далгич, раиси ширкати туркии Dalgıc Hayvancılık гуфт, ки аз сӯи соҳибкорони узбекистонӣ фиреб дода шудааст. Вай аз президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев хост, дар баргардонии 138 ҳазор доллар ба вай кӯмак расонад.

Аҳмад Далгич мегӯяд, ҳашт моҳ талош кард, ки тавассути додгоҳи Узбекистон ин маблағро аз соҳибкорони узбекистонӣ рӯёнад. Аммо ҳамаи ин талошҳои вай бе натиҷа будаанд.

Аҳмад Далгич рӯзи 6 август наворе нашр ва ин изҳоротро кард. "Як сол пеш ман ба суратҳисоби ширкати "O’rmancha-capers" дар вилояти Ҷиззахи Узбекистон 138 ҳазор доллар интиқол додам ва мехостам, аз онҳо ниҳоли камар бихарам. Як сол аст, ки на камарро метавонам дарёфт кунам, на маблағамро пас гирифта", - гуфтааст тоҷири турк.

Намояндагони ширкати узбекистонии "O’rmancha-capers" нахостанд, ин қазияро шарҳ диҳанд.

XS
SM
MD
LG