Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аскар Оқоев аз қирғизистониҳо узр хост ва ба Маскав баргашт


Аскар Оқоев
Аскар Оқоев

Президенти пешини Қирғизистон Аскар Оқоев (Аскар Акаев) рӯзи 8-уми август аз Бишкек ба Маскав баргаштааст. Вай 16 соли охир - баъд аз сарнагунии ҳукуматаш дар соли 2005 - дар Маскав зиндагӣ мекард. Бекболот Талгарбеков, яке аз ҳамсафони Оқоев, гуфт, вай ҳар гоҳ, ки хост ба Қирғизистон бармегардад.

Оқоев пеш аз тарки Қирғизистон кардан дар як муроҷиати видеоӣ гуфт, ҳадафи ба ватан омаданаш баҳсҳо атрофи кони тилои "Қумтор" буд.

"Сарфи назар аз он ки ман дар пайгард эълом шуда будам, ба Қирғизистон омадам ва дар мавриди парвандаи Қумтор шоҳидӣ додам", - гуфт Оқоев.

Вай дар ин навор эътироф кард, ки дар мавриди идора ва ба ихтиёри ширкати канадагӣ додани кони тилои "Қумтор" ба хатоҳо роҳ дода буд.

Дар интиҳои суҳбаташ вай гуфт, ки "барои иштибоҳҳои содиркардааш дар мавриди кони тилои Қумтор сидқан аз қирғизистониҳо узр мехоҳад".

Аскар Оқоев 76-сола аст.

"Қумтор" калонтарин кони тилои Қирғизистон аст. То чанде пеш ин конро ширкати канадагии Centerra Gold Inc. коркард мекард. Ҳамагӣ 26 дарсади саҳмияҳои кон ба Қирғизистон рабт дошт.

"Қумтор" 10 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии Қирғизистон ва 20 дарсади саноати он кишварро таъмин мекунад.

Ҳукумати Қирғизистон гуфтааст, дар додгоҳи байналмилалӣ дар мавриди ин қазия собит хоҳад кард, ки ширкати канадаии Centerra Gold Inc. ба раҳбарони собиқи кишвар ришва додааст.

XS
SM
MD
LG