Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирифтории беш аз 107 000 кас ба коронавирус дар як шабонарӯз дар Амрико


Сирояти навъи "Делта"-и коронавирус дар Амрико афзоиш ёфтааст
Сирояти навъи "Делта"-и коронавирус дар Амрико афзоиш ёфтааст

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз сабти беш аз 107 ҳазор мавриди сирояти коронавирус дар шабонарӯзи охир хабар дод. Пас аз зимистони гузашта бори аввал аст, ки шумори мубталоён ба ин ҳад дар Амрико афзоиш ёфтааст.

Рошел Валенски, раиси Маркази назорат ва пешгирӣ аз бемориҳо дар Амрико, шоми 7-уми август ба шабакаи телевизионии CNN гуфт, агар мардум эм накунанд, шояд шумори гирифторон ба садҳо ҳазор дар шабонарӯз бирасад.

Ба бовари мансабдорони соҳаи тандурустии Амрико, густариши навъи “Делта”-и коронавирус ба шиддат идома дорад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи онҳо, баъзе аз шаҳрвандон аз гирифтани ваксина худдорӣ мекунанд.

То кунун ҳудуди ниме аз аҳолии Амрико ҳар ду вояи ваксинаро гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG