Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саҷҷод Ганҷзода, варзишгари эронӣ, дар риштаи каратэ медали тило гирифт


Ба варзишгари эронӣ ёрии тиббӣ мерасонанд
Ба варзишгари эронӣ ёрии тиббӣ мерасонанд

Саҷҷод Ганҷзода, варзишгари эронӣ, рӯзи 7-уми август дар риштаи каратэ (вазни беш аз 75 кило) дар Токио соҳиби медали тилло шуд. Рақиби ӯ, Ториқ Ҳамидӣ аз Арабистони Саудӣ, бо гуноҳи задани зарбаи сахт ба сари Ганҷзода аз идомаи рақобат маҳрум гардид.

Ганҷзодаро пас аз як зарбаи Ҳамидӣ, ки дар он вақт бо ҳисоби 4-1 пешсаф буд, дар занбар бурданд. Ҳамидӣ медали нуқра гирифт ва бо ашк саҳнаро тарк

кард. Дар ин мусобиқа Рютаро Арага аз Ҷопон ва Угур Актас аз Туркия медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Каратэ бори аввал дар феҳрасти Бозиҳои имсолаи олимпӣ ворид шудааст, вале дар ҷадвали бозиҳои соли 2024 дар Париж нест. Ояндаи он ҳамчун як бозии олимпӣ зери шубҳа аст.

XS
SM
MD
LG