Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду афғонистонӣ бо гумони "қатли номусӣ" дар Олмон


Пулиси Олмон
Пулиси Олмон

Пулиси шаҳри Берлин, пойтахти Олмон, ду зодаи Афғонистонро (яке 22 ва дигаре 25-сола) бо гумони қатли хоҳари калониашон дастгир кардааст. Ҷасади зани 34-соларо рӯзи 5-уми август дар Бавария ёфтанд.

Гумонбарон ба додситон гуфтаанд, ки ҷиноятро "аз рӯйи номус" содир карданд, чун "тарзи зиндагии хоҳарашон ба асосҳои ахлоқии онҳо мувофиқат намекард".

Ин зан, ки модари ду фарзанд аст, дар миёнаҳои моҳи июли имсол бедарак шуда буд.

Муфаттишон гуфтанд, пас аз таҳқиқи навори дурбинҳои назоратӣ, маълумоти телефони мобилӣ ва изҳороти шоҳидон, ба хулосае омаданд, ки бародарони ин зан гумонбарони асосӣ ҳастанд.

Ин оила чанд сол пеш аз Афғонистон ба Олмон кӯчидааст.

XS
SM
MD
LG