Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бритониё хоҳони берун рафтани шаҳрвандонаш аз Афғонистон шуд


Ҳафтаҳои охир вазъи амниятӣ дар Афғонистон бад шудааст
Ҳафтаҳои охир вазъи амниятӣ дар Афғонистон бад шудааст

Ҳукумати Бритониё ба шаҳрвандонаш ҳушдор додааст, ки ба далели бад шудани вазъи амниятӣ дар Афғонистон фавран ин кишварро тарк кунанд. Идораи умури хориҷӣ ва рушди Бритониё дар ин бора рӯзи 6-уми август дар вебсайташ иттилоъ дод.

Ҳушдори Лондон пас аз он аст, ки Толибон ҳамлаҳои худро дар гӯшаҳои Афғонистон афзоиш додаанд ва ҷангҷӯён рӯзи 6-уми август шаҳри Заранҷ, маркази вилояти Нимрӯзро тасарруф карданд. Ин нахустин маркази як вилоят аст, ки ба дасти Толибон гузашт.

Дар ҳамин ҳол, Шӯрои амнияти Созмони Милал вазъи амниятиро дар Афғонистон баррасӣ кард. Дебора Лайонс, намояндаи хоси дабири кулли СММ, гуфт, ки ба пойбандии Толибон ба ҳалли сиёсии масъала шубҳа дорад. Сафири Русия, Василий Небензия, гуфт, ҷанги тӯлонии шаҳрвандӣ дар Афғонистон "як воқеияти ошкор аст".

Ҷангҳо дар Афғонистон аз моҳи майи имсол, замоне ки Иёлоти Муттаҳида ва ҳампаймононаш расман берун бурдани нерӯҳояшонро шуруъ карданд, шиддат гирифт. Қарор аст, нерӯҳои хориҷӣ то охири моҳи август Афғонистонро тарк кунанд.

XS
SM
MD
LG