Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омор аз афзоиши сохтмон дар Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Сифат чӣ?


Сохтмони биноҳои баландошёна на танҳо дар Душабе, балки дар манотиқи дигари Тоҷикистон ҳам афзоиш ёфтааст. Акс аз шаҳри Ваҳдат
Сохтмони биноҳои баландошёна на танҳо дар Душабе, балки дар манотиқи дигари Тоҷикистон ҳам афзоиш ёфтааст. Акс аз шаҳри Ваҳдат

Дар Тоҷикистон сохтмони биноҳои истиқоматӣ вусъат меёбад. Бино ба омори Оҷонсии сохтмони кишвар, дар 6 моҳи соли ҷорӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 23 фоийз бештар манзилҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд. Коршиносон инро аз ҷумла ба устувории нархи манзил рабт медиҳанд. Илова бар ин, сармоягузорон кӯшиш мекунанд, ки татбиқи лоиҳаҳои қаблан оғозёфтаи сохтмони манзилро ба анҷом расонанд. Қаблан гуфта шуда буд, ки дар чор соли ахири нархи хона аз ҷумла дар шаҳри Душанбе тақрибан тағйир наёфтааст. Ба ҳисоби миёни арзиши 1 метри мукааби манзил дар қисмати марказии пойтахт 650 доллар ва дар канораҳои он аз 400 то 450 долларо ташкил медод.

Дар ҳамин ҳол, сифати манзилҳои бинову иншооти нав дар Тоҷикистон масъалаест, ки зиёд интиқод мешавад. Бархе манзилҳои бисёрошёна дар Тоҷикистон ба ҳангоми барои истифода дода шуданашон нопурра сохта шудаанд, масалан, тирезаҳову лифтҳо пурра сохтаву ба истифода дода намешаванд ваё ба ҳангоми сохтмон меъёрҳои муҳими амнияти сохтмон риоя намешавад.

XS
SM
MD
LG