Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маросими ёдбуди фоҷеаи Ҳиросима хоксорона барпо шуд


6 августи соли 2020. Парки ёдбуди сулҳи Ҳиросима
6 августи соли 2020. Парки ёдбуди сулҳи Ҳиросима

Шаҳри ҷопонии Ҳиросима рӯзи 6-уми август 76-умин солгарди ҳамлаи нахустини атомӣ дар ҷаҳонро бо даъвати мақомоти ин шаҳр ба маҳв кардани силоҳҳои атомӣ баргузор кард. Раиси шаҳри Ҳиросима Казуми Матсуи гуфт, “силоҳҳои ҳастаӣ, ки барои пирӯзӣ дар ҷангҳо сохта шудаанд, хатари нобуд кардани ҳамаро доранд, аз ин рӯ, барои гирифтани пеши роҳи ин тамоми кишварҳо бояд якҷоя кор кунанд.”

Субҳи барвақти рӯзи 6-уми августи соли 1945, вақте ИМА ба Ҳиросима як бомбаи атомиро партофт, наздик ба 140 ҳазор нафар кушта шуд. Се рӯз баъдаш бомбаи дуюм болои шаҳри дигари ҷопонии Нагасаки партофта ва 70 ҳазор нафар кушта шуд. Ҷопон рӯзи 15-уми август таслим шуд.

Ёшиҳида Суга, нахуствазири Ҷопон, ки ҳамчунин дар ин маросим буд, ниёз ба бархӯрди «воқеъбинона» ва пурзӯр кардани тадбирҳои пешгирӣ аз паҳншавии ин силоҳҳоро таъкид намуд.

Бо сабаби пандемияи коронавирус маросиме, ки имрӯз дар Парки ёдбуди сулҳи Ҳиросима барпо шуд, бисёр хоксорона гузашт.

XS
SM
MD
LG