Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Равуои ҳавоӣ ва заминӣ миёни Узбекистону Туркманистон аз сар гирифта мешавад


Президентҳои Узбекистон ва Туркманистон.
Президентҳои Узбекистон ва Туркманистон.

Вазоратҳои нақлиёти Узбекистону Туркманистон барои аз саргирии парвозҳои ҳавопаймоӣ миёни ду кишвар ва интиқоли байналмилалии мол тавассути мошинҳо рӯзҳои наздик корро оғоз мекунанд.

Ин созиш 4 август дар ҷараёни гуфтугӯи муовинони сарвазирҳои Узбекистону Туркманистон -- Сардор Умурзақов ва Эсенмурод Оразгелдиев ҳосил шудааст.

Ҳамчунин ҷонибҳо розӣ шудаанд, ки ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии ду кишварро рӯзҳои наздик дар Узбекистон баргузор кунанд.

Пештар хабар дода шуд, ки муовини сарвазири Узбекистон Сардор Умурзақов бо муовини сарвазир ва писари президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов, вазири умури хориҷӣ Рашид Мередов ва муовини раиси девони вазирони он кишвар Чорӣ Гилиджов ҳам мулоқот мекунад.

XS
SM
MD
LG