Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озан Севимли -- намояндаи нави Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ва Туркманистон


Озан Севимли шаҳрванди Олмон буда, солҳои дароз дар сохторҳои гуногуни Бонки Ҷаҳонӣ кор кардааст
Озан Севимли шаҳрванди Олмон буда, солҳои дароз дар сохторҳои гуногуни Бонки Ҷаҳонӣ кор кардааст

Бонки Ҷаҳонӣ гуфт, аз 2-юми август иқтисодшиноси ботаҷриба Озан Севимли мудири нави барномаҳои ин ниҳоди байналмилалии молӣ дар Тоҷикистону Туркманистон таъин шудааст.

Дар ин мақом ӯ Ян-Петер Олтерсро иваз кард, ки чаҳор соли охир раҳбари дафтари Бонки Ҷаҳонӣ дар ин ду кишвари Осиёи Марказӣ буд.

Ба иттилои дафтари матбуоти Бонки Ҷаҳонӣ, Озан Севимли аз соли 2005 ба ин сӯ дар вазифаҳои гуногун ва дар кишварҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ, Африқо, Амрикои Лотин ва минтақаҳои Кариб кор кардааст.

Ӯ то ин дам намояндаи Бонки Ҷаҳонӣ дар Ямайка ва Гайана (ҳарду дар Амрикои Ҷанубӣ) буда, буҷаи кориаш ним миллиард долларро ташкил медод. Худи Озан Севимли гуфтааст, аз таъиноти наваш хушнуд аст ва "бартарии кори БҶ дар моҳҳои оянда расондани беҳтарин ёрии мумкин ба ду кишвар дар заминаи эҳёи пасоковидӣ ва ҳалли мушкилоти иқтисодию тандурустӣ хоҳад буд."

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, аз аввали соли 2020 ин ниҳод барои мубориза бо пандемияи COVID-19 ва ҳимоят аз қишрҳои нодор 32,5 миллион доллар, аз ҷумла 8,63 миллион доллар барои эмгузаронӣ ҷудо кардааст. Ба Туркманистон кумаки ин ниҳод 20 миллион доллар қарзро ташкил додааст.

Ба иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, ёриҳои молӣ ва таҳлилии ин ниҳод ба Тоҷикистон аз соли 2017 ба ин сӯ се баробар афзуда, аз 366 миллион ба 1,2 миллиард доллар расидааст.

XS
SM
MD
LG