Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Варзишгари беларусӣ мехоҳад дар Аврупо паноҳанда шавад


Кристина Тимановская, варзишгари беларусӣ дар фурудгоҳи шаҳри Токио
Кристина Тимановская, варзишгари беларусӣ дар фурудгоҳи шаҳри Токио

Кристина Тимановская, варзишгари беларусӣ, рӯзи якуми август дар мулоқот бо намояндагони Кумитаи байналмилалии олимпӣ ва мутасаддиёни Бозиҳои олимпии Токио гуфтааст, мехоҳад, дар як кишвари аврупоӣ паноҳандагӣ бигирад.

Интизор меравад, ӯ рӯзи 2-юми август ба воситаи вакили мудофеъ қазияи худро шарҳ диҳад.

Варзишгари беларусӣ ҳафтаи гузашта дар муроҷиаташ ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ дархост кард, ки ба ӯ кумак расонанд. Ба гуфтааш, мақомоти беларусӣ ба ӯ фишор оварда, мехоҳанд, ки бидуни хоҳишаш ӯро аз Ҷопон ба ватан интиқол диҳанд.

Эҳтимол меравад, Тимановская шаби гузаштаро таҳти назари полис дар фурудгоҳи шаҳри Токио пушти сар кардааст. Дар як изҳороти кӯтоҳаш ӯ гуфт, дар ҷойи бехатар қарор дорад.

Ин дар ҳолест, ки 2-юми август қарор буд Тимановская дар мусобиқаи дави 200-метрӣ иштирок мекард, вале, ба гуфтааш, рӯзи якшанбе намояндагони мунтахаби олимпии Беларус омад, ӯро бо зӯр ба фурудгоҳ бурданд. Бунёди ҳамраъйии варзишии Беларус дар як муроҷиаташ ба Кумитаи байналмилалии олимпӣ хост, ба ин варзишгар кумак кунанд.

Худи Тимановская гуфт, қарори ба ватан баргардонидани ӯ аз як навиштааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ сарчашма мегирад, ки дар он рафтори мақомдоронро танқид карда, гуфтааст, бо гуноҳи онҳо шумори зарурии иштирокдорони дави эстафета ҷамъ нашуданд.

Нозирони байналмилалӣ гуфтанд, ки Беларус дар давоми даҳ моҳи пеш аз Олимпиада шумори зарурии допинг-тестҳоро барпо накард ва бо ҳамин сабаб се духтари варзишгар барои ширкат дар бозиҳо роҳ дода нашуданд.

Мақомоти варзишӣ тасмим гирифтанд, ба тими эстафетачиён Тимановскаяро ворид кунад, дар ҳоле ки ӯ ба таври касбӣ барои иштирок дар бахши дигар – спринт омодагӣ дидааст. Тимановская аз ширкат дар ин бахши рақобатҳо даст кашид ва матбуоти давлатӣ дар посух ӯро ба шиддат танқид кард. Кумитаи олимпии Беларус гуфт, тақозои ихроҷи варзишгар бо "ҳолати равонии варзишгар" вобаста аст.

XS
SM
MD
LG