Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаккерон маълумоти миллионҳо шаҳрванди Беларусро ба даст оварданд


"Киберпартизан" хабар додааст, ки маркази эелектронии шинсномадиҳии Беларусро шикастааст.
"Киберпартизан" хабар додааст, ки маркази эелектронии шинсномадиҳии Беларусро шикастааст.

Гурӯҳи махфии беларусии "Киберпартизан" хабар додааст, ки маркази эелектронии шинсномадиҳии Беларусро шикастааст.

Зоҳиран ин гурӯҳ ба нусхаи шиноснома ва маълумоти шахсии миллионҳо шаҳрванди Беларус дастрасӣ пайдо кардаанд. Дар ин миён, афроди наздик ба Александр Лукашенко, кормандон КГБ-и ин кишвар дар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва маълумот дар бораи Қурмонбек Боқиев, собқи президенти Қирғизистон низ вуҷуд дорад. Президенти собиқи Қирғизистон даҳ соли пеш ба Беларус фирор кард ва он ҷо паноҳанда шудааст.

Ҳаккерон қисме аз маълумотро дар саҳифаи телеграмии худ нашр кардаанд.

Мақомоти Беларус то кунун дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Дуздии маълумоти хусуси ва нашри он тибқи қонунҳои Беларус ҷавобгарӣ пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG