Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ИМА гуфтанд, "Делта" ваксинашудаҳоро низ сироят мекунад


Яке аз хиёбонҳо дар ИМА
Яке аз хиёбонҳо дар ИМА

Макрази назорат ва пешгирии бемориҳо дар ИМА эълон кард, ки навъи коронавируси "Делта" зуд паҳн мешавад ва эҳтимол афроди васкинагирифтаро низ сироят кунад.

Аз ин рӯ, гуфта мешавад, ки эҳтимол усули мубориза бо КОВИД-19 ҷиддӣ тағйир ёбад, чун навъи "Делта" ба афроди ваксинашуда низ сироят мекунад ва ба афроде, ки ваксина нагирифтаанд, зиёни ҷиддӣ мерасонад.

Ба одамоне, ки ваксина нагирифтаанд, хатари гирифторӣ ба ин вирус то се маротиба бештар аст ва даҳ маротиба бештар дар қиёс ба афроди ваксинашуда осебпазир буда, эҳтимоли фавташон зиёд аст.

Маркази назорат ва пешгирии бемориҳо дар Амрико мегӯяд, акнун шеваи мубориза бо коронавирус тағйир мекунад.

Дар Амрико миллионҳо нафар ба коронавирус сироят ёфтаанд ва садҳо ҳазор бар асари он фавтидаанд.

XS
SM
MD
LG