Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот: 3 ҳазор муҳоҷири тоҷику узбек дар Абхозистон дармондаанд


Шаҳри Сухумии Ҷумҳурии Абхозистон. Қатори роҳи оҳан ба Русия меравад. Акс аз соли 2004
Шаҳри Сухумии Ҷумҳурии Абхозистон. Қатори роҳи оҳан ба Русия меравад. Акс аз соли 2004

Бинобар маҳдудиятҳои COVID-19 ҳудуди 3 ҳазор муҳоҷирони кории Тоҷикистону Узбекистон дар ҷумҳурии Абхозистон банд мондаанд. Хабаргузории русии Интерфакс менависад, Рамин Габлай, раҳбари Хадамоти давлатии муҳоҷирати Абхозистон гуфтааст, тоҷикону узбекҳо бо сабаби баста будани марз имкони бозгашт ба ватанҳояшонро надоранд. Абхозистон соли 2008 аз ҳудуди Гурҷистон ҷудо шуд ва худро кишвари мустақил эълон кард, вале аксар кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон истиқлолияти онро ба расмият намешиносад. Бо ин вуҷуд, барои садҳо шаҳрвандони ҷӯёи кори Тоҷикистон Абхозистони рӯ ба Русия як минтақаи дигаре барои кору даромад шудааст.

Соли ҷорӣ сафорати Тоҷикистон дар Русия даҳҳо муҳоҷири тоҷикро аз ҳудуди Абхозистон берун карда, барои бозгашташон ба Тоҷикистон кӯмак намуд.

XS
SM
MD
LG