Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади як қурбонии селро дар Панҷакент пас аз се рӯз ёфтаанд


Ҳабиб Ёқубов. Акс аз сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон
Ҳабиб Ёқубов. Акс аз сомонаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон

Ҷасади Ҳабиб Ёқубови 19-сола, қурбонии селро дар Панҷакент, пас аз се рӯзи ҷустуҷӯ ёфтаанд. Намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода гуфтанд, ӯ 23-юми июл дафн карда шуд. Аммо, ба гуфтаи онҳо, то ба ҳол ҷустуҷӯйи ҷасади Нозима Исмоилова, қурбонии дигари сел дар Панҷакент, "натиҷа надодааст".

Рӯзи 19-уми июл бар асари омадани сел дар Панҷакент дувоздаҳ нафар ҷон бохтанд. Аз ин шумора ҳафт кас аъзои як оила буда, ба иттилои мақомот, "ҳангоми борони шадид дохили хаймаҳои хеш паноҳ бурданд, вале сели шадид онҳоро ҳамроҳ бо хаймаҳояшон бурд."

Дар он рӯз сел ба ба роҳу хонаҳои мардум ва хатти обу барқ дар ноҳияҳои Деваштичу Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ низ зарар расонд. Масъулони Идораи ҳолатҳои фавқулодаи Суғд гуфтанд, дар ноҳияи Айнӣ як нафар ба ҳалокат расидааст.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои осебпазир дар баробари фалокатҳои табиист. Аз аз соли 1992 то соли 2020, обхезиву селу заминларза ва лағжиши хок ба 7 миллион нафар осеб ва ба иқтисоди кишвар тақрибан 2 миллиард доллар зарар расондааст.

XS
SM
MD
LG